Дабири собиқи НАТО: Ғарб бояд аз нерӯҳои зидди толибон ҳимоят кунад

© Sputnik / Александр Максименко / Гузариш ба медиабонкБывший генеральный секретарь НАТО Андерс Фог Расмуссен, архивное фото
Бывший генеральный секретарь НАТО Андерс Фог Расмуссен, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Дабири пешини НАТО мегӯяд, сарони ҳукуматҳои ғарбӣ бояд аз касоне, ки ҳоло алайҳи толибон дар Афғонистон меҷанганд, ҳимоят кунанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Расмуссен бо бознашри мақолае аз Алӣ Майсам Назарӣ, масъули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки ин як мақолаи муҳим дар мавриди муборизаи ҷабҳаи муқовимат барои тарсими як ояндаи мутафовит барои Афғонистон аст.
Мақолаи Алӣ Майсам Назарӣ ахиран дар маҷалаи “Форин полисӣ” нашр шуда буд.
Расмусон ахиран дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "Ҳукуматҳо ғарбӣ бояд ҳимояташанро аз касоне, ки дар баробари ҳокимияти ваҳшиёна ва саркубгар толибон истодагӣ мекунанд, афзоиш диҳанд".
"Ҷаҳон наметавонад Афғонистонро фаромӯш кунад", - навиштааст ӯ.
Фог Расмуссен, дабири кулли пешини НАТО аз ҳукуматҳои ғарбӣ хост, то аз муқовимат ва касоне, ки дар баробари ҳокимияти толибон меҷанганд, пуштибонӣ кунанд.
Ведущий научный сотрудник МГИМО Сергей Маркедонов
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Аз Афғонистон то Гурҷистон: ИМА рафт, Русия мутаваҷҷеҳ бошад - видео
Дар он мақолаи Назарӣ аз ҷомеаи байналмилал хоста буд то аз истодагии ҷабҳаи муқовимат дар баробари толибон ҳимоят кунанд.
Назарӣ дар ин мақола навишт, ки ҷабҳаи муқовимат барои муқобила бо толибони ниёз ба ҳимояти ҷомеаи байналмилалӣ дорад.
Ӯ бо ишора ба ин, ки мухотироти даргириҳои ҷорӣ бештар аз мухотироти як ҷанг дохилӣ аст гуфт, ки толибон ба гурӯҳҳои террористии минтақавӣ ва байналмилалӣ иҷоза дода аст, то дар Афғонистон пойгоҳ эҷод кунанд.
Ба гуфта Назарӣ, ҳазорон ҷангҷӯи хориҷӣ аз ховари миёна, Осиёи ҷанӯбӣ ва Осиёи марказӣ дар саросари Афғонистони таҳти ҳимояти толибон зиндагӣ мекунанд.
Ин ситезаҷӯён бо силоҳҳо ва таҷҳизоти Низомӣ баҷомондаи НАТО ва Амрико дар Афғонистон мусаллаҳ шудаанд ва на танҳо суботи Афғонистон, балки суботи минтақаро таҳдид мекунанд.
Тоҷикистон дар размоиши байналмилалии фармондеҳии стратегии "Шарқ-2022" ширкат мекунад.
Он аз 1 то 7 сентябр бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ, 5 ҳазор аслиҳа ва техника, аз ҷумла 140 ҳавопаймо ва 60 киштии ҷангию ёрирасон кор бурда хоҳанд шуд.
Ба иттилои Вазорати дифои Русия, размоишҳо дар 7 тамрингоҳи Русия, инчунин дар қаламравҳои обӣ ва минтақаҳои соҳилии баҳри Охотск ва баҳри Ҷопон баргузор мешаванд.
Ба он Озарбойҷон, Алҷазоир, Арманистон, Белорус, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Лаос, Никарагуа, Русия, Сурия ва Тоҷикистон ҷалб шудаанд
Лентаи хабарҳо
0