Ҳушдор аз селҳои пиряхӣ дар Тоҷикистон

© КҲФОқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро тайи ду рӯзи оянда хатари офатҳои табиӣ таҳдид мекунад. Ҳавошиносон мегӯянд, махсусан сокинони навоҳии кӯҳистониро хатар дар пеш аст
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, хатари офатҳои табиӣ рӯзҳои 23-24 август ҷой дорад.
Ожонси ҳавошиносӣ афзуд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро мегирад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 дараҷа, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
 Поиск жертв наводнения в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2022
Сел дар шарқи Афғонистон 18 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубори суст ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш ва чангу ғубори суст дар пеш аст. Ҳаво шабона 16+18 гарм, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0