Натиҷагирӣ аз ҳамоиши "Артиш-2022": нерӯҳои низомӣ Русия бо чӣ силоҳе таҷҳиз хоҳанд шуд?

© Sputnik / Pavel Bednyakov / Гузариш ба медиабонкРоссийский многофункциональный истребитель пятого поколения Су-57
Российский многофункциональный истребитель пятого поколения Су-57 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳамоиши байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2022" таваҷҷуҳи даҳҳо ҳазор мутахассис ва ширкаткунандагони 72 кишвари ҷаҳонро ба худ ҷалб кард
"Артиш-2022" пешсафии Русияро дар соҳаи технологияҳои мусоири доифоӣ тасдиқ кард, барои шарикон дастурҳои илмию истеҳсолӣ муқаррар кард ва мусаллаҳшавии артиш ва флоти Русияро суръат бахшид.
Дар ҷараёни форуми рӯзҳои 15-21 август бо 24 корхонаи саноати дифои Федератсияи Русия 36 шартномаи давлатӣ ба маблағи беш аз 525 миллиард рубл (муодили 8,75 миллиард доллар), яъне нақшаҳои ибтидоии 36 шартномаи давлатӣ ба имзо расид. Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар миёнамуддат зиёда аз 3700 навъ техникаи нав мегиранд.
Бо дарназардошти истифодаи ҷангӣ аз техника дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина зарфиятҳои саноати Русия ва вазъи кунунии низомию сиёсии ҷаҳон Вазорати дифои Русия фармоиши давлатии дифоиро ислоҳ кардааст. Ба харидани техникаи замонавӣ ва самараноки ҳарбӣ диққати махсус дода мешавад.
Ударный вертолет Ми-28Н Ночной охотник во время открытия форума Армия-2022 в Кубинке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.08.2022
Навгониҳои Форуми низомию техникии “Артиш-2022” дар акс
Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия қисмҳои навтарин мушакҳои баллистикии байниқораии РС-28 “Сармат”, системаҳои зиддиҳавоии С-500 "Прометей", мушакҳои мофавқуссадоии "Сиркон" ва "Ханҷар", моҳвораҳои истихборотии "Лотос-М", бомбаандозҳои хатти пеши “Су-34”, болгардҳои таҳоҷумии “Ка-52М” ва “Ми-28НМ”, танкҳои Т-90М “Прорыв”, Т-80БВ ва Т-72Б3 дастрас хоҳанд кард.
Инчунин зиреҳпӯшҳои БТР-82А, мушакҳои "Искандар-М", мушакҳои зиддикиштии "Оникс", мушакҳои ҳидоятшаванди ҳаво ба замин, бомбҳои ҳидоятшаванди УАБ-20, “Иногодетс”, “Орлан-10”, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Орлан -30", "Элерон-3", инчунин се киштии зериобии дизелию электрикии лоиҳаи 06363 бояд тақдими артиш шаванд. Рӯйхат пурра нест, вале афзалиятҳо маълуманд.
Русия ният дорад, ки системаи мудофиа (амнияти миллӣ)-ро дар ҳама самтҳои истифодаи ҷангӣ - аз мадори Замин то қаъри уқёнус тақвият ва такмил диҳад. Дар баробари ин бартарии технологии қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия як варианти асосӣ мебошад, ки ҷазои ногузирро ба таҷовузкор кафолат медиҳад ва ба шаҳрвандони Русия имкон медиҳад, ба оянда хушбин бошанд.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз 24 феврал ниҳоят мутмаин шуданд, ки ду нерӯи аслии Русия артиш ва флот ҳастанд, соири созишномаҳо бо шарикони ғарбӣ, ҳатто коғазе, ки дар он онҳо навишта шудаанд, арзише надоранд. ИМА ва ҳамроҳони он қодиранд, ки ҳар як ҳуҷҷати байналхалқиро ба манфиати худ маънидод кунанд, онро бо “қоида”-ҳои худ ислоҳ кунанд ва ё фақат бекор кунанд.

Таваҷҷуҳи махсус

"Уқёнуспаймоӣ"-и технологияҳои мудофиавии - майдонҳои намоишгоҳи ҳамоиши “Армия-2022” дар 30 субъекти Федератсияи Русия зиёда аз 28 ҳазор намуди аслиҳа ва техникаро шомил шуда, таваҷҷуҳи беш аз 1,9 миллион нафарро ҷалб кардаанд.
Намунаҳо ва дастурҳо барои комплекси ҳарбию саноатии ҳар як мамлакат кумак мекунанд. Прусаи зердарёии стратегӣ дар Арктика "Арктур" ва БМП-3 аз тариқи робот идорашаванда ёрӣ мерасонанд.
Мудири кулли "Рособоронэкспорт" Александр Михеев қайд кард, ки муаррифии ҷангандаҳои насли панҷуми “Су-57” ва танки Т-14 "Армата" дар байни мутахассисон ва аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи хоса пайдо кардааст.
Юрий Слюсар, мудири кулли Корпоратсияи ҳавопаймоии муттаҳид дар бораи таҳияи шакли нави “Су-57” сухан гуфт, ки аз киштӣ парвоз анҷом хоҳад дод. Русия ҳатто ба мушакҳои "Сиркон" ва "Ханҷар", мошини гаронбаҳои "Ангара" A5V даст нарасонда, мутахассисон ва меҳмононро ба ҳайрат овард.
Танковый биатлон-2020. Индивидуальная гонка. Танк Т-72 команды военнослужащих Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2022
Низомиёни тоҷик дар Бозиҳои АРМИ-2022 барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард
Ҳамоиши "Артиш" ба таври анъанавӣ шароити бештари содироти технологияи муосири ҳарбии Русияро фароҳам карда, самаранокии сиёсати давлатӣ дар хусуси таҷҳизи артиш ва флот бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсуси замонавиро нишон медиҳад.
Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ "Рособоронэкспорт" ду қарордод ба маблағи беш аз 390-миллиондолларӣ имзо кард. Одатан намоишгоҳи яроқу аслиҳа мунҷар ба имзои созишномаҳо бо фармоишгарони хориҷӣ мешавад, ки вазъ давом хоҳад дошт.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0