Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро шарҳ дод

© Sputnik / Виктор ТолочкоПограничная вышка, архивное фото
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Обуна шудан
Даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки ғайриқонунӣ марзи Ӯзбекистонро нақз карданд, ба талаботи қонунии марзбонони ӯзбек итоат накарда, муқобилият нишон додаанд
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ӯзбекистон даргирӣ дар марз бо Афғонистонро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҷазираи марзиро таҳти назорат қарор дода, 24 марзшиканро боздошт намудаст.
Мақомоти марзбонии Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия гуфт, дар ҳудуди ҷазираи Арал Пайғамбари вилояти Сурхондарё як гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон сарҳади давлатиро убур карда, бо заврақҳояшон ба ҷазираи мазкур омадаанд.
Таъкид шудааст, ба гуруҳи марзбонон, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, марзшиканон муқовимат нишон доданд.
"Дар натиҷаи гузарондани амалиёт 24 нафар барои марзшиканӣ боздошт гардида, шахсияташон муайян карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Раҳбари толибон: Агар шариат иҷоза надиҳад, бо ҳич кишваре таомул нахоҳем кард
Тавзеҳ дода шудааст, ки ҳадафи ин гуруҳи марзшиканон ҷамъоварии решаи гиёҳи ширинбия будааст, ки дар ин минтақа ба миқдори зиёд мерӯяд.
Қаблан сухангӯи пулиси толибҳо дар вилояти Балх, Мавлавӣ Идрис низ ба Sputnik Афғонистон рух додани чунин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо тафсилоти зиёд ироа накард.
Ӯ изҳор дошт, ки намояндагони мақомоти маҳаллии толибҳо ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва қазияро таҳқиқ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли гузашта толибҳо ғасб карда, таъкид намуданд, ки аз қаламрави ин кишвар барои ҳамсояҳо ҳеч таҳдиде ҷой надорад.
Лентаи хабарҳо
0