Афзоиши азҳампошии оилаҳо дар Хатлон: кӯдакон аксаран бо модарон мемонанд

© mohamed_hassan / pixabayОдинокая женщина с детьми
Одинокая женщина с детьми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Обуна шудан
Дар пайи талоқу ҷудошавии оилаҳо ҳазорҳо кӯдак ба истилоҳ зиндаятим мемонад. Таъкид мешавад, ки дар аксари ҳолатҳо фарзандҳо бо модарон мемонанд
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар зарфи ҳафт моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 2 233 ақди никоҳ бекор шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 407 ҳолат бештар аст.
Ба иттилои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бо пош хӯрдани оилаҳо 2623 кӯдак аз тарбияи яке аз волидон маҳрум монданд. Дар бештари ҳолатҳо кӯдак ҳамроҳи модар мондааст.
Дар Хатлон азҳампошии оилаҳо бештар дар ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Қубодиён, Кӯшониён, Ҷомӣ, Кӯлоб, Балхӣ, Панҷ ва Фархор ба қайд гирифта шудааст.
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2022
“Барои шаҳрвандии Русия”: сирри дигари афзойиши талоқ дар Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки дар маҷмуъ дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон 7,2 ҳазор ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудаст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 790 адад зиёд аст. Тибқи омор он замон дар кишвар 6,4 ҳазор ҳолати азҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шуда буд.
Қаблан Кумитаи кор бо занон ва оила аз афзоиши ҳолатҳои талоқ дар Тоҷикистон гуфта, муҳоҷирати корӣ, бемории яке аз ҳамсарон, бефарзандӣ ва зӯроварӣ дар оиларо сабабҳои маъмултарини пароканда шудани оилаҳо арзёбӣ кард.
Илова бар ин, бисёре аз ҷуфтҳо гуфтаанд, ки ба далели номувофиқ будани аъзои хонавода, дахолати шахсони сеюм ва ҳатто гирифтани шаҳрвандии Русия, маҷбуранд, ин муносибатро қатъ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0