Ёди вазирони дифои СҲШ аз қурбониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

© PixabayЦветок гвоздики, архивное фото
Цветок гвоздики, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Обуна шудан
Ҳамоиши вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд аз маросими гулчанбаргузорӣ ва боздид аз осорхона оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни дигараш аз кишварҳои узви СҲШ дар назди пайкараи "Достони матонат" дар Тошканд гул гузошт.
Вазирони дифои кишварҳои СҲШ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Белорус - ҳамчун кишвари нозир дар созмон ёди қурбониён дар ҶБВ-ро пос доштанд.
Инчунин вазирон аз осорхонаи "Шараф" боздид намуда, бо саҳми ӯзбекистониҳо дар пирӯзӣ бар фашизм шинос шуданд.
Пайкараи "Достони матонат", ки вазирон он ҷо гул гузоштанд, ба хотири қурбониён дар ҶБВ сохта шудааст.
Ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Тошканд: аз баҳси масъалаи Афғонистон то Украина
Ин маҷмааи ёдгорӣ ба хотири Зулфия Зокирова бунёд карда шудааст. Ин модари ӯзбекистонӣ дар замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ панҷ фарзандашро аз даст дод. Ҳамчунин ба келинҳои хонадон ва ятимони оилаашон бахшида шудаст.
Таъкид шудаст, ки "Достони матонат" дар симои як оила ҳамаи модарону занонеро фаро мегирад, ки дар ҷанг фарзанд, шавҳар ва наздиконашонро аз даст додаанд.
Маврид ба зикр аст, ки солҳои ҶБВ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ садҳо ҳазор нафар ба дифоъ аз ватани онрӯзаашон ба ҷабҳа фиристода шуданд, ки теъдоди зиёди онҳо барнагаштанд.
Лентаи хабарҳо
0