Мағлубият ё ғалаба? Маълум шуд, ки Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" ҷои чандумро гирифт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкФорум "Армия-2021". Танковый биатлон. Полуфинал
Форум Армия-2021. Танковый биатлон. Полуфинал - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Низомиёни тоҷик дар мусобиқаҳо натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Мукофотҳоро ба ғолибон генерал-полковник Александр Лентсов супурд
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар “Биатлони танкӣ”, ки дар чаҳорчӯби Бозиҳои VIII байналмилалии артиш (АрМИ-2022) дар тамрингоҳи "Алабино"-и вилояти Маскав баргузор шуд, мақоми сеюмро касб кард.
Хамин тавр, экипажҳои Точикистон, ки дар дивизиони дуюм баромад карданд, вазифаҳои худро дар зарфи 1 соату 43 дақиқаю 28 сония ба иҷро карданд.
Маҳорати хизматчиёни ҳарбӣ, идоракунии боэътимоди техникаи ҳарбӣ ва талоши пирӯзӣ ба даста кӯмак кард, ки медали биринҷӣ гирад.
Танковый биатлон в Алабино. День 3 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2021
Баромади танкчиёни тоҷик дар АрМИ-2021 - видео
Дар мусобиқа ҷумҳуриро се экипаж намояндагӣ кард, ки ҳар кадоми онҳо се нафар: командири танк, тупчи-оператор ва ронанда иборат буд.
Дар маросими ботантана медалу мукофотҳоро сардовари Бозиҳои байналхалқии армия генерал-полковник Александр Лентсов супурд.
Ҷойи дувум насиби Сурия шуд. Экипажи ин мамлакат масофаро дар зарфи 1 соату 40 дақиқаю 59 сония тай кард.
Дастаи Мянмар барандаи мусобиқаи "Биатлони танкӣ" дар дивизиони дуюм гардид. Ба ҳарбиёни иш кишвар муяссар гардид, ки ин масофаро дар 1 соату 36 дақиқаю 25 сония тай кунанд.
Мусобиқа ду ҳафта давом кард, ки дар онхо хизматчиёни ҳарбии 21 мамлакат иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 тими Тоҷикистон соҳиби медали нуқра гардида буд.
Танкисты команды Таджикистана на Танковом биатлоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
"Тоҷикистон ба пеш!" - шиори танкчиёни тоҷик дар мусобиқаҳои низомӣ: видео
Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия ҳамасола "Биатлони танкӣ"-ро ташкил мекунад, ки он ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва таҳкими иттиҳоди ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои ширкаткунанда нигаронида шудаанд.
Марҳилаи байналмилалии бозиҳо аз соли 2015 ташкил карда шуда, он аз пойгаи инфиродӣ ва даставӣ иборат аст. Иштирокчиён бояд хатсайри дорои монеаҳои гузаргоҳ, баландии "теппа", эскарп (девори то 2 м), монеаи обӣ, хандаки зидитанкӣ ва ғайраро тай кунанд.
Sputnik - Шарики иттилоотии байналмилалии Армия-2022
Лентаи хабарҳо
0