"МегаФон Life Фест" - имкониятҳои нави Шумо

© МегаФон"МегаФон Life Фест": твои новые возможности
МегаФон Life Фест: твои новые возможности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Рӯзи 24 сентябр дар пойтахти кишвар фестивали бошаҳомат аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ баргузор мегардад. Меҳмононро сурудҳои маъруфи JONY, суҳбат бо роботҳо, озмунҳо ва туҳфаҳо интизоранд.
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. "МегаФон Life Фест"-2022 дар "Наврӯзгоҳ" (Ипподром) гузаронида мешавад
Як сол қабл ширкати МегаФон Тоҷикистон 20-солагии фаъолияти худро бо фестивал ҷашн гирифт. Бинобар изҳори андешаҳои зиёди мусбат дар хусуси фазои идона ва лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ, оператор тасмим гирифт, ки ин гуна фестивалро ба ҳукми анъана дарорад. Ин бор барномаи фестивал боз ҳам ҷолибтар хоҳад шуд. Ҷузъи асосии фестивали соли 2022 – сатҳи технологии он маҳсуб меёбад. Чунончи, ёвари овозӣ барои ёфтани майдонҳои лозимӣ бо ёрии корти онлайн ва ҳатто даъват кардани ҳунармандон ба саҳна кӯмак менамояд. Меҳмонон бо роботҳо суҳбат карда, бо технологияҳои муосири рақамӣ шинос мешаванд.
Дар барнома дилхушиҳои маъмулӣ низ ҷой доранд. Дӯстдорони истироҳати фаъол метавонанд футбол бозӣ кунанд, дар мусобиқаи рақс иштирок намоянд. Кӯдакон метавонанд намоиши ҳунармандони сиркро тамошо карда, болои аспҳо савор шаванд. Аз лиҳози он, ки чорабинӣ рӯзи дароз аз соати 11:00 то 23:00 идома меёбад, дар танаффуси байни дилхушиҳо дар майдони Фудкорт ғизову таомҳои лазизро тановул кардан мумкин аст.
Дар фарҷоми рӯз консерти рангини ҳунармандони эстрадаи тоҷик ва сарояндагони хориҷӣ, муаллифи суруди "Комета" JONY доир мегардад. Қисмати мусиқии "МегаФон Life Фест" соати 17:00 оғоз меёбад.
© МегаФон"МегаФон Life Фест": твои новые возможности
МегаФон Life Фест: твои новые возможности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
"МегаФон Life Фест": твои новые возможности
Барои воридшавӣ ба фестивал чиптаи электронӣ лозим аст. Онро бе навбат дар дилхоҳ ҷои қулай бо ёрии "Ҳамён" дар замимаи мобилии "МегаФон Life" харидан мумкин аст. Он ҷиҳати боргирӣ ба муштариёни ҳамаи операторон дастрас аст. Онҳое, ки то 24 сентябр барои хариди чиптаҳо фурсат пайдо намекунанд, онҳоро зуд ва бе мушкилӣ дар худи фестивал харида метавонанд. Нархи чипта – 200 сомонӣ, даромади кӯдакони то 7 сола ройгон аст.
Ба истиқболи теъдоди зиёди меҳмонон, МегаФон Тоҷикистон ҳанӯз ду моҳ пеш корҳоро оид ба омодакунии шабака ба сарбориҳои зиёд оғоз намуд. Ба ипподром хатҳои нурию нахии алоқа, ки барои зиёдкунии суръати интернет ба онҳо ИБ наздиктарин пайваст гардиданд, гузаронида шуданд. Санҷиши сарбориҳо гузаронида шуда, қобилияти гузариши таҷҳизот афзун карда мешавад.
Дар фестивали соли 2021 муштариёни оператор қариб 11 маротиба зиёдтар трафики интернет сарф намуданд ва 16 маротиба бештар нисбат ба дигар рӯзҳо занг заданд. Ин дафъа ширкат дар нақша дорад, ки теъдоди зиёдтари меҳмононро даъват намояд ва трафик дар қиёс бо соли гузашта бештар сарф мегардад.
"МегаФон доимо сатҳи баландро пеша менамояд. Ин ба ҳамаи ҷодаҳое, ки мо бо онҳо иртибот дорем, аз ҷорикунии инноватсияҳои рақамӣ то ташкили ҷашнҳои бузург, дахл дорад.
"МегаФон Life Фест"-и аввалин 20 000 меҳмонро ба ҳам овард ва бениҳоят ба сокинони Душанбе писанд омад. Яъне, имсол фестивал бояд рангинтар, ҷолибтар ва аз ҷиҳати технологӣ мукаммалтар баргузор гардад! Он худ ба рӯйдоди бошукӯҳе табдил меёбад, ки набояд аз баргузоршавиаш бехабар монем", – мегӯяд Директори иҷроияи ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Барномаи муфассали фестивал – дар lifefest.megafon.tj
Лентаи хабарҳо
0