Тоҷикистон содироти маҳсулоташ ба вилояти Свердловски Русияро се баробар афзоиш медиҳад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские фрукты и овощи в Декхане
Таджикские фрукты и овощи в Декхане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон ба афзоиши савдои меваю сабзавоташ дар Русия ҳавасманд аст ва ният дорад, содироти онро ба ин кишвар ба маротиб афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон тасмим дорад, дар соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулоти озуқаворӣ ба вилояти Свердловски Русияро ду-се баробар афзоиш диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба муовини аввали раиси Шӯрои машваратии назди Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Ёқубҷон Умаров.
“Ҳайати Тоҷикистон қаблан аз вилояти Свердловск дидан кард, ва дар намоишгоҳи “Иннопром” ширкат кард. Дар ин ҳайат намояндагони соҳаҳои гуногун ҳузур доштанд. Онҳо бо чанд соҳибкор дар мавриди интиқоли намак, сабзавот, меваҷот, меваи хушк шартнома бастаанд, ки ин аллакай натиҷа медиҳад”, — гуфт ӯ
Ҳамзамон вай илова кард, ки соҳибкорони тоҷик ният доранд соли оянда ҳаҷми содироти маводи ғизоӣ тақрибан ду-се баробар зиёд намоянд.
Лук на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.08.2022
Баъди манъи содирот нархи пиёз дар бозорҳо коҳиш ёфт
Ба гуфтаи ӯ, бо мақсади афзоиш додани гардиши мол дар Тоҷикистон сардхонаҳо месозанд.
“Сардхонаҳо барои он заруранд, ки ҳосил ҷамъоварӣ шавад ва вайрон нашавад, аз он ҷо онро аллакай ба вилояти Свердловск фиристоданд”, — зикр кард Умаров.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии содирот аз Екатеринбург дидан намуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷумҳурӣ ба афзоиши содироти меваю сабзавот ҳавасманд буда, вилояти Хатлон барои бастани созишномаи ҳамкорӣ омода аст.
Лентаи хабарҳо
0