Тоҷикистон тиҷорати барқ ба хориҷро 17% зиёд кард

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон тайи моҳҳои январ-июл бо кишварҳои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ наздик ба 10 миллион доллар бештар тиҷорати барқ доштааст
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ​​ба кишварҳои хориҷиро афзоиш додааст. Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар медиҳад.
Мувофиқи маълумоти ин ниҳод, Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2022 ба кишварҳои минтақа ба маблағи 64,5 миллион доллар нерӯи барқ содир кардааст.
Ҳаҷми содироти нерӯи барқ ​​дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 17% афзоиш ёфтааст. Он замон кишвар ба хориҷ ба маблағи 55 миллион доллар тиҷорати барқ дошт.
Рӯйхати дақиқи харидорони нерӯи барқ ​​аз Тоҷикистон ифшо нашудааст, аммо маълум аст, ки харид аз ҷониби Ӯзбекистон ва Афғонистон сурат гирифтааст.
Тибқи маълумотҳои ахир, қарзи ширкати афғонии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) дар назди "Барқи тоҷик" ба 28 миллион доллар расидааст.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2022
Таваққуфи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 дар Афғонистон
Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеш гуфт, ки ширкати "Бришно" ваъда додааст, қарзашро пардохт мекунад.
Номбурда ҳамзамон гуфт, ки моҳи июл ин ширкат ба "Барқи тоҷик" 2 миллион доллар қарзашро пардохт кард.
Ҳамзамон раиси "Барқи тоҷик" гуфт, ки сабаби кам пардохт шудани қарз ба хотири мушкилот дар амалиётҳ.
Қаблан як манбаъ дар ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Афғонистон як киловат-соат барқи тоҷикро аз 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) то 14 афғонӣ мехарад.
Барқ аз шумо, пул аз мо. Оидоти “Ёвон”-ро Тоҷикистону Ӯзбекистон чӣ гуна тақсим мекунанд?
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
"Барқи Тоҷикистон ба ду роҳ - тиҷоратӣ ва раҳоишӣ – ба мизоҷон фурӯхта мешавад. Бино ба ин, як киловат-соат дар шаҳри Қундуз тариқи раҳоишӣ 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) ва тиҷоратӣ –11,5 афғонӣ ва хориҷ аз он дар шаҳристонҳои ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Бағлону Самангон ва Кобул мутаносибан 7 ва 14 афғонӣ қимат дорад", - гуфт манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0