Либоси ягонаи мактабӣ. Баъзе волидайн аз нархи баланд мегӯянду бархеи дигар аз баробарӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевШкольная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе
Школьная ярмарка на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Наздик шудани соли нави таҳсил нигаронӣ дар ҷомеаро афзуда, аксари волидайни талабаву толибаҳои макотиби ҳамагониро ба ташвиш водор кардааст
ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Соли 2007 Вазорати маорифи Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани либоси тавсиявии мактабӣ қарор қабул намуд. Масъулони маориф татбиқи ин муқарраротро ба таъмини баробарии иҷтимоӣ дар намуди зоҳирии хонандагони макотиб шарҳ додаанд.
Аз замони ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ 15 сол сипарӣ мешавад. Аммо пурсишҳои сарироҳӣ собит мекунанд, ки шуморе аз волидон аз ин муқаррарот ҷонибдорӣ мекунанд, вале бархеи дигар дар бораи нархи гарони либосҳое, ки мактаб барои истеҳсоли онҳо коргоҳҳо шартнома бастааст, изҳор мекунанд.
Марҳилаи ниҳоии сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
Марҳилаи ниҳоии сохтмони мактаби русӣ дар Хуҷанд – видео
Ҳурия Ҳакимова як сокини шаҳри Хуҷанд ва модари чаҳор шогирди мактаб аст. Ӯ, мегуяд, барои хариддории либос ба коргоҳе, ки мактаби фарзандонаш бо он шартнома бастааст рафт ва мушоҳида кардааст, ки нархҳо дар муқоиса ба як соли қаблӣ тағйир ёфтааст.
“Барои хонандаи синфи 2 шим бо камзулаш 270 сомонӣ, ҳамин либос барои синфҳои 4 ва 5 ум 280 сомонӣ аст. Чунин нархҳо, барои мо барин хонаводаҳое, ки дар ҳеҷ куҷо кори доимӣ надорем гарон аст” – изҳор намуд, ӯ.
Шарифа яке дигар ҳамсуҳбатони Sputnik Тоҷикистон аст, ки дар бораи бораи гаронии нарх таъкид намуд. Ӯ гуфт, барои либоси мактабии ду фарзандаш дар умум 1500 сомонӣ харҷ намудааст.
“Танҳо шиму камзулашонро аз коргоҳе, ки мактаб хариддории онро тақозо кардааст бо нархи 570 сомонӣ харидем” – иброз намуд ӯ.
Дар ин миён баъзе волидон ҳам буданд, ки мувофиқати нарх ба сифати матоъи истеҳсолшуда баён карда бархе дигар ҷиҳатҳои мусбии ҷоришавии либоси мактабиро номбар мекарданд.
Базар Панчшанбе в городе Худжанде Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2022
Ғизо, либос, газ гарону гаҷу семент арзон: тағйироти солонаи нарх дар Суғд
Матлуба Очилова сокини Хуҷанд ва аз шумори волидонест, ки мегуяд, ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ аз он ҷиҳат хубу дуруст аст, ки ҳама бо либоси якранг ба мактаб мераванд ва дар ин миён хонаводаҳои дорову сарватман худнамоишдиҳӣ карда наметавонанду хонаводаҳои ниёзманд ҳам азият намекашанд.

“Ҳама якхела мепушанд ва ҳама аз як ҷо мегиранд. Дар ин ҳолат фарқгузории бойҳову камбағалон дида намешавад, балки баробарӣ дар мактаб” – гуфт вай.

Бар пояи иттилоъи Идораи маорифи Суғд, дар соли хониши як соли қабл дар ҳудуди вилоят 944 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъол буд, ки дар онҳо 579 ҳазору 504 хонанда таҳсил намудаанд.
Ин шумора дар муқоиса ба соли хониши 2020 - 2021, 6 муассисаи таълимӣ бо шумораи 14 271 нафар зиёд будааст.
Дар соли таҳсили 2022 – 2023 шумори хонандаҳо ва теъдоди макотиб аз рақамҳои болоӣ боз ҳам зиёд мешавад.
школьницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Қабул ба синфи 1 дар Тоҷикистон ройгон аст: Ҳушдори мақомоти маориф аз фасодкорӣ
То шурӯъи таҳсил ҳамаи макотиб либоси ягона фармоиш медиҳанд ва волидон музаффанд, ки аз ҷойҳои таъйиншуда онҳоро хариддорӣ кунанд.
Дар ҳудуди вилоят 60 адад сехҳои истеҳсолӣ фаъоланд, ки ба духтани либоси мактабӣ машғуланд.
Баъзе коршиносон таъкид меварзанд, ки агар коргоҳҳои истеҳсолӣ дар вақти таҳияи либоси мактабӣ аз матоъи хубу босифат истифода кунанд, ба нафъи иқтисодии волидон хоҳад буд. Аммо масъулини сехҳои истеҳсолӣ мегуянд, дар чунин ҳолат нархи либоси таҳияшаванда ба маротиб тағйир меёбад, ки на ҳамаи волидон имкони бо он нарх харидани либоси мактабиро пайдо мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0