Мавқеи нави тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мавқеашро дар радабандии ФИФА аз даст дода, як зина поин рафт. Миёни кишварҳои шӯравии собиқ тими ҷумҳурӣ ҷои 8-умро гирифт
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тими миллии Тоҷикистон дар радабандии нави ФИФА дар зинаи 109-ум ҷой дорад, ки дар қиёс бо нишондоди қаблӣ як зина поин аст. Тим соҳиби 1179 хол мебошад.
Бар асоси радабандӣ, миёни дастаҳои мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тими Тоҷикистон 8-ум аст.
ФИФА дар гузориши ҷадид Украинаро дар зинаи 27-ум, Русия - 35, Ӯзбекистон - 77, Гурҷистон - 82, Арманистон - 92, Қирғизистон - 95, Белорус - 96, Тоҷикистон - 109, Эстония - 110, Қазоқистон - 114, Озарбойҷон - 128, Латвия - 129, Туркманистон - 135, Литва - 142 ва Молдоваро дар зинаи 177-ум қарор додаст.
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2022
Ҷазои довари тоҷик барои нақзи меъёрҳои ҳакамӣ дар бозӣ
Ин дар ҳолест, ки дар радабандии қаблӣ, ки барои моҳи июн нашр шуда буд, Тоҷикистон якбора шаш зина мавқеяшро беҳтар карда, аз мақоми 114 ба зинаи 108 баромада буд.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд. Дар зинаи 106-ум тими Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 қарор дошт.
Дар зинаи поинтарини худ дар радабандиҳо ФИФА Тоҷикистон соли 2003 қарор дошт.
Ба панҷгонаи пешсафони ин радабандӣ феълан Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия шомил гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0