Нақшаи тавлиди сӯзишвории моеъ аз ангишт дар Тоҷикистон бо ҷалби Чин

CC BY 2.0 / L.C. Nøttaasen / Colorful Old Oil BarrelsБочки, архивное фото
Бочки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Обуна шудан
Мақомдорони соҳаи истихроҷи ангишт дар Рӯзи кормандони ин соҳа, ки якшанбеи охири моҳи август таҷлил мешавад, нақшаҳои ояндаашонро баён доштанд
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти тоҷик барои таъсиси корхонаи истеҳсоли сӯзишвории моеъ аз ангишт бо ширкатҳои давлати Чин корбарӣ карда истодаанд.
Дар ин бора "Ховар" аз қавли сармутахассиси раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Муҳиддин Давлатов хабар дод. Дар матлаб, ки бахшида Рӯзи кормандони соҳаи ангишт таҳия шудааст, инчунин аз нақшаҳо дар ин бахш гуфта шудаст.
Аз ҷумла зикр гардидаст, ки дар доираи эълон гардидани "Панҷсолаи рушди саноат" дар кишвар бунёди ду корхонаи коркарди ангишти кокс ба роҳ монда мешавад.
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Ҳимояти Ҳукумати Тоҷикистон аз созишнома бо ширкати "Ориён инвест"
"Коркарди ангишти кокс барои соҳаи саноати металлургия сӯзишвории асосӣ мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад. Бо пайдо шудани манбаъҳои сармоягузорӣ коркарди ангишти антротсиди кони "Назарайлоқ" ба роҳ монда мешавад", - афзуд мақомдор.
Ҳаҷми захираи ангишт дар ҷумҳурӣ 4,5 млрд тонна муайян карда шудааст. Дар Осиёи Марказӣ кони ангишгти "Фон-Яғноб" бузургтарин кони ангишти коксшаванда арзёбӣ мешавад.
Феълан дар бахши истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон 14 корхона, аз ҷумла корхонаҳои ангишти "Фон-Яғноб", "Комбинати металлургии Тоҷик", "Зиддӣ", "Талко Ресурс", "Қудрат", "Вена", "Тоҷагропромэкспорт", "Ширкати алюминийи Тоҷик" ва ғайра фаъолияти истеҳсолӣ доранд, ки аз онҳо 4 корхона давлатӣ буда, боқимонда хусусӣ мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0