Бебориш: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik Люди в Душанбе отдыхают во время жары
Люди в Душанбе отдыхают во время жары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
Рӯзҳои гарми тобистонии бебориш дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар водиҳои ҷумҳурӣ аз ҳадди 30 дараҷа боло хоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш хоҳад буд, хабар дод "Ховар" аз қавли Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст.
"Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона 0+5 дараҷа, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст. Суръати шамол дар нооҳияҳои алоҳида то 10-15 метр дар як сония мерасад.
"Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад", - таъкид кардаанд ҳавошиносон.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Вилояти Хатлонро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа, рӯзона 32+37 дараҷа, дар доманакӯҳо шабона 11+16 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар пеш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 30+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар пеш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 гарм, рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад, таъкид намудаанд ҳавошиносон.
Лентаи хабарҳо
0