Изҳори омодагии сафорат барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирон

© Sputnik Посольство Республики Таджикистан в РФ
Посольство Республики Таджикистан в РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Сафорати Тоҷикистон омодагии худро барои интиқоли ҷасадҳои муҳоҷирони тоҷик ба Ватан, ки ахиран дар як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд, баён кардааст
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия вобаста ба марги чор нафар ҷавони тоҷик, ки 28 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бар асари бархӯрдани мошини сабукрав ба мошини боркаш ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор намудааст.
“Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони фавтидагон барои интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд”, - таъкид кардааст сафорат.
Ҳамзамон сафорати Тоҷикистон хабар додааст, ки қазияи мазкур мавриди назар таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад.
Генпрокурор России Игорь Краснов встретился с Генпрокурором Таджикистана Юсуфом Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
ҲНИТ*, муҳоҷират, Афғонистон, Украина: Краснов дар Душанбе аз чӣ гуфт?
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар анбори сабзавотии София дар шаҳри Санкт-Петербург садамаи маргборе бо ширкати муҳоҷирони тоҷикистонӣ рух дод.
Вақти шом, ҳангоме ки дар анбори сабзавот харидорон набуданд, ҷавоне бо автомашинаи “Шевролет Ланос” тасмим гирифт, дар ҳудуди анбори нимахолӣ ронандагӣ кунад. Ҳамроҳи ронандаи ҷавон дар мошин боз чор нафари дигар низ буд.
Шаҳрванди Тоҷикистон идораи воситаи нақлиётро аз даст дода бо суръати баланд, ба мошини боркаш, ки дар ҷояш истода буд бархурдааст.
Видео лаҳзаи бархӯрд сабт шудааст: дар он дида мешавад, ки як қисми худрав зери мошини боркаш мондааст.
Шоҳидон баъд аз бархӯрд зуд ба назди мошин медаванд: онҳо ба берун овардани аҷсод ва захмиён шурӯъ мекунанд. Дар наворҳои даҳшатбор ҷасадҳо ва замини хунолуд дида мешаванд.
Се шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои зиёд дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, ки дар миёни нафароне, ки ба ҳалокат расиданд як ронандаи 23-сола ва ду мусофири 20 ва 21-сола низ ҳастанд. Табибон барои ҷони ду ҷавони 21-солаи дигар мубориза мебурданд.
Кормандони пулис ҷузъиёти ин ҳодисаро баррасӣ доранд
Лентаи хабарҳо
0