Паҳлавонони тоҷик ба мусобиқаи калонтарин мераванд

© Фото - UWWБорцы United World of Wrestling
Борцы United World of Wrestling  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Обуна шудан
Се варзишгари беҳтарини тоҷик ҳуқуқи муаррифии ҷумҳурии худ ва нишон додани маҳорати хешро дар чемпионати ҷаҳон ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба куштӣ, ки аз 10 то 18 сентябр дар пойтахти Сербистон – шаҳри Белград баргузор мешавад, меравад.
Ба ҳайати он Муҳаммад Икромов (57 кг), Ҳикматулло Воҳидов (61 кг) ва Шӯҳрат Бозоров (79 кг) шомил буданд.
Ҳар се варзишгар ба рейтинги Федератсияи ҷаҳонии куштӣ (UWW) дохил шудаанд, ки тибқи он дар чемпионати моҳи сентябр қуръакашӣ сурат хоҳад гирифт.
Ҳангоми тартиб додани рӯйхат коршиносон натоиҷи мусобиқоти байнулмилалӣ дар моҳҳои ахирро ба назар гирифтаанд, ки дар ҳар як вазн аз 20 то 50 варзишкор сабт шудааст.
Воҳидов дар вазни худ дар ҷои 40-ум, Бозоров 62-юм ва Икромов бошад, дарҷои 44-ум қарор доранд.
Нуралӣ Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2022
Паҳлавони тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ қаҳрамони ҷаҳон шуд
Илова бар ин, ба рейтинги Федератсияи ҷаҳонии куштӣ ду намояндаи дигари Тоҷикистон шомил шудаанд.
Инҳо Мустафо Аҳмадов, дар вазни то 70 кг дар мақоми 48-ум ва Муборакшо Қурбонбеков, дар мақоми 72-юм мебошанд.
Дар раддабандии беҳтарин варзишгарони ҷаҳон оид ба куштии юнониву румӣ паҳлавонони тоҷик низ ҳастанд. Аз ҷумла, Асламҷон Азизов (55 кг, ҷои 25-ум), Далер Ризозода (77 кг, ҷои 30-ум) ва Сӯҳроб Абдулхаев (82 кг, ҷойи 62-юм).
Ба иттилои Иттиҳоди ҷаҳонии куштинҳо (UWW), ҷиҳати иштирок дар чемпионат, ки аз рӯи 10 вазн гуштини тарзи озод, 10 вазн гуштини юнонӣ-римӣ ва 10 вазн гуштини бонувон доир мегардад, зиёда аз 800 нафар аз 73 давлати дунё сабти ном шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0