Вазир бар зидди коронавирус боз ваксина гирифт

© Минздрав РТМинистр здравоохранения Таджикистана прививается против коронавируса
Министр здравоохранения Таджикистана прививается против коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Обуна шудан
Роҳбарияту кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои бори дигар бар зидди коронавирус моякӯбӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ҳамроҳ бо муовинонаш ва кормандони вазораташ бар зидди COVID-19 ваксина гирифтанд, иттилоъ додааст дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ.
Ин бори чаҳорум аст, ки кормандони Вазорати тандурустӣ бар зидди коронавирус моякӯбӣ мешаванд, иттилоъ додааст дар маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ.
Манбаъ иттилоъх додааст, ки роҳбарият ва кормандони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони муассисаҳои тандурустии пойтахт низ бо вояи чоруми ваксинаи зидди COVID-19 фаро гирифта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишварҳои ҳамсоя шурӯъ аз 16 августи соли равон даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид.
Вакцинация от коронавирусной инфекции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2022
Мақомоти тоҷик аз ваксинаногирифтаҳо хостанд, моякӯбӣ кунанд
Сардори Раёсати бехатарии санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров гуфта буд, ки ба давраи чоруми ваксинатсия шахсони аз 60-сола боло фаро гирифта мешаванд.
“Нафароне, ки аз 60-сола боло буда, ваксинаи сеюмро се ё шаш моҳ пеш гирифтаанд, метавонанд ваксинаи чорумро қабул намоянд. Тибқи нақша, баъд аз табибон шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ бо вояи чоруми ваксина фаро гирифта мешаванд”, - гуфта буд ӯ.
Вай илова карда буд, ки ин амал дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0