Дарс зери дурбин: дастури Раҳмон барои беҳбуди сифати таълим дар Душанбе

© Пресс-служба Президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Обуна шудан
Дар мактаби навбунёд дар маркази шаҳри Душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон аз омӯзгорон даъват намуд, ки барои беҳбуди сифати таълим талош кунанд
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави мактаби №12-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони бинои нав бо маблағгузории ҳукумати Душанбе сурат гирифта, барои 1500 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Манбаъ зикр намудаст, ки бинои қаблии ин мактаб дар ҳолати ногувор қарор дошт ва пурра бартараф карда шуд.
Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандинсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва набудани шароити мусоиди таълим ҳалли худро ёфт, афзуд дафтари матбуотии раисҷумҳур.
Тавзеҳ дода шудаст, ки бинои асосии мактаб, ки аз се ошёна иборат аст, дорои 30 синфхона ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Школьные парты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
То соли 2028 дар Хатлон 350 мактаби нав бунёд мегардад
Дар ин муассиса 73 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 90 камераи мушоҳидавӣ, ки дар тамоми синфхонаҳо васлу насб карда шудааст, пурра назорат карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ҳайати омӯзгоронро барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон даъват кард.
Зикр гардидаст, ки таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи таълим, бешубҳа, ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунад.
Дар зимн иттилоъ дода шудаст, ки соли равон мактаби мазкурро 60 нафар хатм намудаанд, ки 56 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи мамлакат шомил шуданд. Ин нишондод дар қиёс бо дигар муассисаҳои таълимӣ хуб арзёбӣ мегардад.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар дошта шудааст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0