Нурсултон мизбони ҳамоиши ректорон аз кишварҳои СҲШ мешавад

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкГорода мира. Нур-Султан
Города мира. Нур-Султан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Обуна шудан
Анҷумани дуюми ректорони муассисаҳои таълимии олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баҳори соли оянда ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Қазоқистон мизбони форуми байналмилалии ректорони муассисаҳои таълимии олии кишварҳои узви СҲШ мешавад.
Ин нуктаро Айман Мусохоҷаева, ректори Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ба гуфтаи ректор, мулоқоти роҳбарони донигоҳҳои кишварҳои узви СҲШ баҳори соли 2023 дар доираи таҷлили 25-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон сурат мегирад.
"Чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ дар нақша аст. Аз ҷумла Анҷумани дуюми ректорони муассисаҳои таълимии олии кишварҳои узви Созмони Ҳамкорриҳои Шанхай баргузор мешавад", - гуфт ӯ.
Конгресс центре в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Омодагии Самарқанд барои баргузории нишасти СҲШ — видео
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Тоҷикистон дар ҳамоишҳои гуногуни байналмилалии СҲШ, аз ҷумла анҷумани занони ин созмон дар Тошканд иштирок дошт.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0