Баргузории Дарси сулҳ дар мактабҳои Тоҷикистон дар Рӯзи дониш

© Sputnik / Амир ИсаевПервоклассники на первом уроке новой школы №31
Первоклассники на первом уроке новой школы №31 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Имсол мактабҳои Тоҷикистон дарҳои худро барои беш аз 200 ҳазор хонандаи синфи як боз карданд ва барои онҳо дар Рӯзи дониш Дарси сулҳ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид.
Соли нави таҳсил дар ин муассиса бо ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид ва баъдан хонандагон ба синфҳо даромада, ба тамошои суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино ба муносибати Рӯзи дониш шурӯъ намуданд.
Бархе омӯзгорони тоҷик бар ин назаранд, ки баргузории Дарси сулҳ дар Рӯзи дониш имкон фароҳам меорад, ки хонандагон аз рӯзи аввали таҳсил оид ба моҳияти волотарин арзиши миллӣ-Истиқлолияти давлатӣ огоҳӣ пайдо намоянд.
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали на открытии гостиници в центре Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Ифтитоҳи бинои нави марказӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон имсол беш аз 200 ҳазор нафар ба синфи 1-ум мераванд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, хабар додааст, ки айни замон дар мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 млн 195 ҳазору 619 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 827 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд.
Лентаи хабарҳо
0