Бунёди корхонаи истеҳсоли гӯгирд дар Бохтар

© Sputnik / Юлия Честнова / Гузариш ба медиабонкРабота спичечной фабрики "Победа" в селе Верхний Ломов
Работа спичечной фабрики Победа в селе Верхний Ломов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Корхонаи истеҳсоли гӯгирд дар шаҳри Бохтар аввалин корхонаи нави саноатӣ аст, ки ба истеҳсоли гӯгирд дар ин минтақа машғул мешавад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар сохтмони корхонаи истеҳсоли гӯгирд идома дорад. Корхонаи мазкур моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж” дар истинод ба бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Бохтар.
Тибқи иттилои манбаъ, корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова дар масоҳати 0.4 гектар бунёд мешавад.
“Фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда , 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд”, – иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Русия ва Чин дастрас ва васлу насб карда шуданд.
Цех по производству полипропиленовых мешков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Дар Суғд даҳҳо корхона фаъолият намекунад
Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгу мебошад.
“Корхона тибқи нақша дар як шабонаруз 300 қуттии калони гӯгирд истеҳсол мекунад. Иқдори солонаи корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки ашёи хом барои истеҳсоли гугирд аз Русия ворид мегардад.
Зикр шудааст, ки аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст , ки ба истеҳсоли гугирд машғул мешавад. Корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти гугирдро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ хоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0