Ширкати Путин дар маросими видоъ бо Горбачёв - видео

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на церемонии прощания
Президент РФ Владимир Путин на церемонии прощания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Раҳбари Русия ба Беморхонаи марказии клиникӣ омад ва яке аз аввалинҳо шуда, ба пояи тобути аввалин ва охирин президенти ИҶШС гул гузошт
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар Бемористони марказии клиникӣ бо Михаил Горбачёв видоъ кард.
Сарвари давлат яке аз аввалинҳо шуда, ба назди тобути собиқ президенти ИЧШС як даста гули садбарги сурх гузошт.
Нахустин навор аз ширкати раисҷумҳур дар маросими видоъ пеш аз парвозаш ба Калининград аллакай дар интернет пайдо шудааст.
Ба ин далел Путин наметавонад дар маросими гусели умумӣ ширкат кунад. Он рӯзи 3 сентябр баргузор мешавад, аммо ҷадвали президент имкон намедиҳад, ки дар он ширкат кунад.
Маълум аст, ки маросими дафни Горбачёв характери давлатӣ надошта, дар қабристони Новодевичии Маскав барпо мегардад.
Ӯ дар қабри оилавӣ дар паҳлӯи ҳамсараш Раиса Горбачёва ба хок супурда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0