Толибон боз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон дархост карданд, то ҳавопаймоҳоро баргардонанд

CC BY-SA 2.0 / mashleymorgan / Embraer EMB-314 Super TucanoСамолет Embraer EMB-314 Super Tucano
Самолет Embraer EMB-314 Super Tucano - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.09.2022
Обуна шудан
Вазири дифои давлати толибон гуфт, ҳукумати феълӣ барои бозгардондани ҳавопаймоҳо ва болгардҳои низомии ин кишвар дар Тоҷикистону Ӯзбекистон талош дорад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони Афғонистон ахиран дар нишасти хабарӣ дар Кобул бори дигар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон хост, то чархболу ҳавопаймоҳои низомии моли давлати собиқи Афғонистонро, ки халабонҳои афғон ҳангоми фирорашон ба ин кишварҳо мунтақил доданд, бозгардонанд, иттилоъ додааст хабаргузоии “Форс”.
Ин чархболу ҳавопаймоҳо пас аз суқути давлати собиқ ба Тоҷикистону Ӯзбекистон мунтақил шуда буданд.
Сарпарасти Вазорати дифои давлати толибони таъкид кард, ин болгардҳо мутааллиқ ба Афғонистон будаву талош барои бозгардондани онҳо ба ин кишвар идома дорад.
Талибан провели Парад на аэродроме Баграм - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2022
Режаи низомии толибон дар майдони ҳавоии Багром бо таҷҳизоти амрикоӣ - видео
Ин мақоми Толибон афзуд, кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мегӯянд, масъала ин аст, ки амрикоиҳо намегузоранд ин болгардҳоро ба Афғонистон баргардонем, аммо мо бо амрикоиҳо суҳбат кардем ва гуфтем ки ин моли мардуми Афғонистон аст ва бояд бозгардонида шавад.
Дар моҳи майи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, кишвараш ҳеҷ барномае барои таҳвили ин амвол ба толибонро надорад, зеро ин таҷҳизот ба толибон тааллуқ надоранд.
Фаҳими Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти ҳеч шароите наметавонанд ин ҳавпаймоҳоро ба толибон таҳвил диҳанд, зеро ҳеч тазмини байналмилалӣ дода нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0