Хидматрасонии тиббии ройгон дар Русия барои муҳоҷирон дастрас хоҳад шуд: тафсилот

© AP / Alexander ZemlianichenkoCотрудник миграционного центра берет кровь мигранта для тестирования в московском миграционном центре в Сахарове, архивное фото
Cотрудник миграционного центра берет кровь мигранта для тестирования в московском миграционном центре в Сахарове, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба наздикӣ шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар баробари русҳо, вале бо як шарт аз хидматрасониҳои тиббии ройгон истифода баранд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Муҳоҷирон дар Русия метавонанд полиси суғуртаи ҳатмии тиббӣ гиранд. Қонуни дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст. Санад аз 1 январи соли 2023 эътибор пайдо мекунад.
Ҳам муҳоҷироне, ки дар ин кишвар ба таври доимӣ иқомат доранд ва ҳам шаҳрвандони дигар давлатҳое, ки муваққатан дар Федератсияи Русия қарор доранд, метавонанд аз хизматрасонии тиббии ройгон истифода баранд.
Пештар, ин хидмат танҳо барои онҳое дастрас буд, ки ҳуҷҷати иқомати муваққатӣ ё паноҳгоҳи муваққатӣ доштанд.
Ҳангоми ба кор қабул кардани ин шаҳрвандон, дигар талаб кардани суғуртаи тиббӣ лозим намешавад.
Президент РФ В. Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2022
Ҳимояти Путин аз ташкили марказҳои махсуси муҳоҷирон: Ӯ гуфт, Тоҷикистон зид нест
Пас аз се соли пардохти ҳаққи суғурта, онҳо ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббии ройгонро дар доираи суғуртаи ҳатмии тиббӣ пайдо мекунанд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки тибқи шартномаҳои ҳуқуқии шаҳрвандӣ кор мекунанд, ҳангоми муваққатӣ ғайриқобили меҳнат будан ва ё вобаста ба ҳомиладорӣ кафолати суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ дода мешавад, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Бояд қайд кард, ки қонун аллакай аз ҷониби Думаи давлатӣ қабул ва аз ҷониби Шӯрои Федератсия тасдиқ шудааст.
Қаблан Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ эълом карда буд, ки муҳоҷирон дар Русия метавонанд аз хадамоти пизишкӣ ройгон истифода кунанд.
Ярослав Нилов, раиси кумита оид ба сиёсати иҷтимоӣ, тавзеҳ дод, ки муолиҷаи умумӣ бо муҳоҷирон танҳо пас аз се сол пас аз пардохти маблағи суғуртаи корфармоён оғоз мешавад. То он лаҳза танҳо ёрии таъҷилии тиббӣ ба хориҷиёни коркунанда дастрас хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0