Тоҷикистон барои хариди кадом маҳсулот бештар пул сарф мекунад?

© AP / Martin MejiaВелосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу
Велосипедист с покрытыми нефтью руками на пляже в Вентанилья, Перу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон маҳсулотеро ном бурдааст, ки дар садри феҳрасти молҳои воридотии ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Беш аз 18%-и номгӯи маҳсулоти воридотии Тоҷикистонро маҳсулоти нафтӣ, орд ва гандум ташкил медиҳад.
Дар ин бора хабаргузории "Авесто" аз қавли Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки маҳсулоти нафтӣ аз маъмултарин колоҳои воридотии ҶТ мебошад.
"Соли 2022 дар маҷмӯъ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 2,7 млрд доллар маҳсулот ворид карда шудааст", - гуфт манбаъ.
Дар зимн таъкид гардидаст, ки аз аввали соли 2022 воридоти маҳсулоти нафтӣ 26,7% афзоиш ёфта, хариди гандум 10,8% кам шудааст.
Зикр гардидаст, ки тайи моҳҳои январ - сентябри соли равон Тоҷикистон зиёда аз 411 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта наздики 27% ворид шудааст. Маблағи умумӣ беш аз 338,5 млн долларро ташкил дод.
Структура внешнего оборота Таджикистана за первое полугодие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Вазъи савдои хориҷии Тоҷикистон: Ҷумҳурӣ чӣ пешравӣ дорад?
Дар мавриди ҳаҷми гандуми воридотӣ бошад, иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми он қариб 464 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин нисбат ба 7 моҳи соли 2021 наздик ба 10,8% камтар аст. Ҳаҷми воридот беш аз 155,2 миллион долларро ташкил додааст.
Воридоти орд дар ин давра беш аз 27,9 ҳазор тонна муодили 10,2 млн доллар шудааст.
Кишварҳое, ки Тоҷикистон аз он ҷо асосан маҳсулоти нафтию гандум ворид мекунад, Русия ва Қазоқистон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0