Размикори тоҷик барандаи камарбанди биринҷии лигаи ММА шуд

Турнир FMR Fighting Championship - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба хазинаи варзишии муҳорибаҳои бидуни қоидаи тоҷик боз як камарбад ворид шуд, ки онро варзишкори тоҷик дар мусобиқаи MMA "Series" ба даст овард
ДУШАНБЕ, 3 сент — Sputnik. Размикори тоҷик Бахтовар Юнусов камарбанди биринҷии Лигаи MMA-ро ба даст овард.
Ӯ барои расидан ба ин зина ҳарифаш Магомед Кадиев, ки Русияро намояндагӣ мекунад, мағлу сохт.
Рақобати Юнусов ва Кадиев дар доираи мусобиқаи MMA Series - 55 шоми 2 сентябр дар Маскав баргузор шуд.
Рақобат дар лаҳазоти аввал миёни размикорон башиддат буд, аммо Юнусов ҳарифашро бо як маҳорати воло бо усули буғӣ кардан, мағлуб кард.
Маврид ба зикр аст, ки варзишгари тоҷик дар вазни 61 кг соҳиби камарбанди биринҷии лигаи силсилаи MMA шуд.
Варзишкори умедбахши сабукваз бо шикасти ҳайратангези ҳарифи доғистонияш, ки аз ӯ ками надошт як шуру валваларо ба миён овард
Баъди пирӯзии арзанда ӯ бо парчами Ватан ба маркази ринг баромад.
Юнусов кубокро аз дасти меҳмонони мусобиқа, дорандаи медали нуқраи олимпӣ Александра Трусова ва чемпиони олимпӣ Марк Кондратюк гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0