Медведев: Олмон алайҳи Русия ҷанги гибридӣ эълон кардааст

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонк Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев
 Заместитель председателя Совета безопасности России Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Обуна шудан
Ноиби дабири Шӯрои амнияти Русия ба изҳороти садри аъзами Олмон, ки мақомоти Маскавро шарики беэътимод номид, вокуниши тунд нишон дод
ДУШАНБЕ, 4 сен – Sputnik. Олмон аз мушкилоти пайдошуда дар интиқоли газ аз Русия дар ҳайрат мондааст, дар ҳоле ки худи Берлин бо Маскав ҷанги гибридӣ эълон карда, ҳамчун душман амал мекунад.
Ин нуктаро Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, дар саҳифааш дар "Telegram" баён дошт. Ӯ дар вокуниш ба суханони садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс, ки гуфт Русия "дигар таъминкунандаи боэътимоди манобеъи энержӣ нест", ба иқдоми душманонаи Берлин ишора кард.
"Боз хафа шуданд ... Олмон: а) як кишвари ғайридӯст; б) алайҳи тамоми иқтисоди Русия ва шаҳрвандони он таҳримҳо ҷорӣ кард; в) Украинаро бо силоҳи марговар, ки ба муқобили қувваҳои мусаллаҳи мо нигаронида шудааст, таъмин мекунад. Ба ибораи дигар, он ба Русия ҷанги гибридӣ эълон кард", - навишт Медведев.
Мужчина с немецким флагом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Хуруҷи мавҷҳои эътирозӣ дар кишварҳои аврупоӣ дар пасманзари буҳрони газӣ
Бо зикри ин нукот ноиби дабири Шӯрои амнияти Русия таъкид намуд, ки Олмон ҳамчун душмани Русия амал мекунад.
Дар чунин шароит гилаи олмониҳо дар мавриди бархе мушкилоташон бо гирифтани гази Русияро Медведев ба латифаи кӯдакона ташбеҳ дод, ки "моро ба биникобӣ муттаҳам мекунанд".
Ин вокуниш дар ҳолест, ки қаблан Шолтс изҳор дошт, ки Русияро наметавон як таъминкунандаи боэътимоди манобеи энержӣ номид, зеро гӯё он муддати тӯлонӣ ӯҳдадориҳои шартномавии худро вайрон мекунад.
Ҷониби Русия борҳо иттиҳомот дар нақзи ӯҳдадориҳои шартномавиро рад карда, таъкид кардааст, ки вазъи кунунӣ пеш аз ҳама аз сиёсати энергетикии худи Иттиҳоди Аврупо ва таҳримҳои эълонкардаашон ба вуҷуд омадааст.
Лентаи хабарҳо
0