Никоҳи телефонӣ: Шӯрои уламои Тоҷикистон назарашро эълон дошт

CC0 / unsplash / Молодожены держатся за руки
Молодожены держатся за руки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон назарашро дар мавриди никоҳ аз тариқи телефон, ки солҳои охир аз он зиёд суҳбат мешавад, баён дошт
ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Ақди никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, эълон кард Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.
Ин нуктаро Шӯро дар посух ба як корбари сомонааш баён доштааст, ки аз ҷоиз будани никоҳи телефонӣ суол кардааст.
"Никоҳ тавассути телефон ҷоиз нест, зеро дар маросими никоҳ шарт аст, ки арӯсу ҷавон бо шоҳидон дар як маҷлис ва як макон ҳузур дошта бошанд, суханони якдигарро мустақиман ё ба воситаи вакил шунаванд", - таъкид кард ин ниҳод.
Ба иттилои расмӣ, давоми шаш моҳи соли 2021 дар Тоҷикистон 30 ҳазору 266 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% камтар аст.
Масаъалаи никоҳу талоқ бо истифода аз телефону интернет солҳои охир вирди забон шудааст. Қаблан Шӯрои уламо мухолифаташро ба талоқ аз тариқи телефон низ баён дошт, гарчанде эътироф кард, ки бо риояи бархе нозукиҳо он воқеъ мешавад.
Регистрация браков в необычных местах в День всех влюбленных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Дар Суғд 7 духтари тоҷик бо хориҷиҳо хонадор шудаанд
“Талоқ аз тариқи телефон қабул ҳаст, модоме ки мард пеши як муфтӣ, қозӣ, домулло ё хонадони зан тасдиқ кунад, ки маҳз ӯ дар телефон ҷавоби ҳамсарашро дода буд”, - изҳор дошт қаблан сармутахассиси шуъбаи фатвои Маркази исломии ҶТ, Маҳмуд Сангалиев.
Бино ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, тайи нимсолаи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам пошидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12% бештар аст.
Соли 2021 ин рақам 6 ҳазору 477 оиларо ташкил мекард. Nарафи дигари мушкил ин аст, ки дар пайи ин пошхӯрии оилаҳо беш аз 8 ҳазор тифл ятим ва ё нимятим мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0