Идомаи гармӣ дар Тоҷикистон: ҳарорат то 40 дараҷа мерасад

© Sputnik Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе
Люди отдыхают на улице в летний день в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Ҳарорати ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон ҳудуди 33 +38 дараҷаро ташкил дода, шабона дамои ҳаво дар кишвар то 13+18 дараҷа поин меравад
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, хабар дод "Ховар" аз қавли Ожонси обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Гармии ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷаро ташкил дода, рӯзона то 26+31 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад, омадааст дар иттилоия.
Суғдро низ ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Тоқаев гуфт, ҳарорати ҳаво дар Осиёи Марказӣ то охири аср то 6 дараҷа боло хоҳад рафт
Дар вилояти Хатлон ҳавои софи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад, таъкид намуданд ҳавошиносон.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабри бебориш дар пеш аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорат шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 35+37 гарм дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0