Голи футболбози тоҷик дар тими наваш дар Аврупо

© Пресс-служба ФК "Локомотив"Таджикский полузащитник Парвиз Умарбоев
Таджикский полузащитник Парвиз Умарбоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Парвизҷон Умарбоев, ки ахиран ба тими Клуби марказии варзиши артиши София-1948 пайваст, нахустин голро дар ҳайати ин тим ба ҳадаф расонд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев дар чемпионати Булғористон гол зада, мақоми тими навашро дар садри ҷадвал мустаҳкамтар кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин нахустин голи Умарбоев дар ҳайати тими наваш КМВА 1948-и София мебошад.
Дастаи Умарбоев дар бозии даври нӯҳуми чемпионати Булғористон тими "Берое"-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Футболбози тоҷик дар дақиқаи 25-уми бозӣ гол зад. Ҳоло ин даста бо 20 хол дар садри ҷадвал қарор дорад.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон
Бозингар мавсими 2015/16-ро дар "Истиқлол" гузаронида, соли 2016 ба "Локомотив"-и Булғористон гузашта буд.
Умарбоев тайи шаш соли охир дар дастаи "Локомотив"-и Пловдив бозӣ мекард, аммо тобистони соли равон шартномаро бо ин тим қатъ кард ва ба КМВА 1948-и София гузашт.
Пойгоҳи машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" ӯро гаронарзиштарин футболбози тоҷик унвон карда буд. Ин пойгоҳ баҳои бозингаррро 900 ҳазор евро арзёбӣ карда буд.
Ин футболбози тоҷик аз хурдӣ дар мактаби "Рубин"-и Қазон таҳсил кардааст. Бо вуҷуди ин, ӯ ҳеҷ гоҳ дар ҳайати аввалааш бозӣ накардааст. Дар мавсими 2013/14 ӯ дар ҳайати "Нефтехимик-Нижнекамск" ва сипас дар "Химик Дзержинский" бозӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0