Президент РФ В. Путин прибыл в Душанбе для участия в саммите СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия 30 сол пур мешавад. Русия, ки аввалин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад, яке аз аввалинҳо шуда, Истиқлоли давлатии ҷумҳуриро эътироф намуд.

Имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ВУХ-ҳои Русия ва Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ намуда, азмашонро барои густариши ҳамкориҳо баён доштанд
Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷаи Тоҷикистону Русия барои солҳои 2022-2023 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Санади мазкурро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русаш, Сергей Лавров ба имзо расонданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, дифоъ ва амният, сиёсати муҳоҷират, омодасозии кадрҳо, бехатарии биологӣ, мушкилоти эпидемиологӣ ва амнияти иттилоотиро баррасӣ кардаанд.
Лавров: Русия Тоҷикистонро чун ҳампаймон қадр мекунад
Барномаи мулоқоту чорабиниҳо дар сатҳи олӣ то охири соли 2022 аз масоили меҳварии дигари ин музокирот арзёбӣ шуданд.
Сафари расмии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар ҳоли барномарезӣ қарор дорад, гуфт дар доираи музокирот Сироҷиддин Муҳриддин.
"Аз масъалаҳои асосӣ омодасозӣ ва баргузор намудани сафари расмии президенти Русия ба Тоҷикистон мебошад", - изҳор дошт Муҳриддин зимни муаррифии масоили музокироташ бо Лавров.
Таъкид шуд, ки мулоқоту музокирот дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ таконе барои таҳкими ҳамкориҳо буд.
Лентаи хабарҳо
0