Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи корманди Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти қудратии Тоҷикистон аз боздошти як масъули ширкати тавзеи барқ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад, хабар доданд
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия роҳбари Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакиро барои “фурӯши мансаб” боздошт карданд.
Гуфта шудааст, ки роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии таъин намуданаш пул талаб кардааст.
“Суҳроби Рустамхон дар вазифаи роҳбари тиҷоратии Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи мақоми хизмати аз шаҳрванд “А” барои ба вазифаи сарнозири зеристгоҳи барқии “Роҳатӣ” 35/10кВ, “Шарқӣ” 110/35/6 кВ-и Шабакаҳои барқи ноҳияи Рӯдакӣ таъин намуданаш маблағи 20000 сомонӣ талаб карда гирифтааст”, - иттилоъ додааст Агентӣ.
Подписание меморандума между Таджикистаном и Палестиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.08.2022
Муборизаи муштараки Тоҷикистону Фаластин бо коррупсия
Ҳамзамон, иттилоъ дода шудааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Суҳроби Рустамхон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Инчунин таъкид карда шудааст, ки баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раиси ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Баҳрулло Очилов ва муовинаш Озод Раҳматовро Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон дастгир кард
Ин афрод барои даст доштан дар тақсими ғайриқонунии замин ва қаллобӣ муттаҳам мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0