Рустами Эмомалӣ ба варзишгари ҷавон хона туҳфа кард

© Мэрия города Душанбе Рустам Эмомали, мэр города Душанбе вручил спортсмену ключи от квартиры
Рустам Эмомали, мэр города Душанбе вручил спортсмену ключи от квартиры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба варзишгари тоҷик - чемпиони ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ хонаи 2-ҳуҷрагӣ туҳфа кард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Ахиран Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо варзишгари ҷавон — дастпарвари Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6-и намудҳои куштии шаҳри Душанбе, чемпиони ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон Эмомалии Нуралӣ дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин дидор раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон Эмомалии Нуралӣ калиди хонаи 2-ҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт тақдим гардид.
Раиси шаҳри Душанбе аз Эмомалии Нуралӣ, ки дар Чемпионати ҷаҳони гӯштини ҷудо миёни ҷавонон иштирок карда, медали тиллоро соҳиб гашт, сипосгузорӣ кард.
Связка ключей от квартир многоэтажного жилого дома, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Президент дар Хуҷанд ба 45 табибу омӯзгор хона дод
Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 12 август дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳони гӯштини ҷудо миёни ҷавонон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг тавонист ҳамаи ҳарифони худро шикаст диҳад ва унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардад.
Раиси шаҳри Душанбе, иброз доштааст, ки ҷавонони бо нангу номус муарриф ва номбардори ватани хеш маҳсуб меёбанд ва ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбари давлат қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0