Миёни ду оташ. Сарнавишти ваҳмангези Зеленский маълум шуд

© Пресс-служба президента УкраиныПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
Сарвари Украина миёни ду оташ қарор гирифтаст. ИМА аз ӯ ҷангҷӯӣ талаб мекунаду Иттиҳоди Аврупо исрор ба ҳалли муноқиша бо роҳи осоишта дорад
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Раисҷумҳури феълии Украина Владимир Зеленскийро чун президенти ин пешини ин кишвар Пётр Порошенко сарнавишти "гӯсфанди қурбонӣ" интизор аст. Дар ин бора нашрияи сербии "Печат" матлаб нашр кардааст.
Ба ақидаи муаллифи матлаб, муттаҳидони ғарбии Киев, вақте ки вазъ ба нафъи онҳо нагардад, айбро ба гардани Зеленский мегузоранд ва аз ӯ рӯй хоҳанд гардонд. Бо Порошенко, ки ҳамаи супоришҳои "ёварон"-и хориҷиро содиқона адо мекард, ҳамин чиз рӯй дод.
"Барои Ғарб, Порошенко на ҳамчун "пешвои украинӣ", балки чун бузи қурбонӣ бештар муфид буд. Зеленский аз сарнавишти мушобеҳ гурехта наметавонад ва барои ӯ ин беҳтарин гузина хоҳад буд", - таъкид намудаст шореҳ.
Коротченко: под российский контроль должна перейти вся территория Украины

 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
Коротченко: Тамоми қаламрави Украина бояд таҳти назорати Русия гузарад
Муаллиф изҳороти пурсарусадои Дмитрий Белик, узви Кумитаи Думаи Давлатӣ дар умури байналмилалиро ёд овард, ки раисҷумҳури Украинаро лӯхтаки Ғарб номид, ки қобилияти қабули тасмимҳои мустақилро аз даст додааст.
Муаллифи нашрия таъкид мекунад, ки Зеленский дар байни ду оташ афтодааст. Дар ҳоле, ки Вашингтон аз раҳбари Украина қатъият ва ҷангҷӯйӣ талаб мекунад, Брюссел аз бими он ки вазъ бар асари таҳримҳои зидди Русия бадтар мешавад, ба ҳалли мусолиматомези низоъ исрор мекунад.
Зеленский бояд ҷониберо интихоб кунад, вагарна ба ҷояш ин корро анҷом хоҳанд дод. Дар ин ҳол хашму ғазаб болои сиёсатмадорони ғарбӣ хоҳад рехт, ки солҳои тӯлонӣ раисиҷумҳури Украинаро таҳрик медиҳанд ва ӯро ҳам бо пулу силоҳ таъмин мекунанд, хулоса кардаст рӯзноманигор.
Лентаи хабарҳо
0