Вокуниши толибон ба ҳамла алайҳи сафорати Русия дар Кобул

© AFP 2022 / WAKIL KOHSARТалибы стоят на улице
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазорати умури хориҷии ҳукумати муваққати толибон ҳамлаи ахир ба сафорати Федератсияи Русия дар Кобулро ба шиддат маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати хориҷаи толибон дар саҳифаи твиттерии худ ин ҳамларо ба шиддат маҳкум ва ба давлат, мардуму хониводаҳои қурбониёни Русия иброз ҳамдардӣ кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин вазоратхона мегуяд, ки Ожонсҳои амниятии толибон таҳқиқоти ҷомеиро дар робита бо ин ҳамла оғоз кардаанд.
Давлати толибон таъкид кардааст, ки иқдомоти ҷаддитаре барои амнияти сифорат анҷом хоҳанд дод то чунин таҳдидоти эҳтимолӣ монеъи кор сифорат нашавад.
Вазорати хориҷаи толибон ҳамчунон гуфтааст ки ҳукумати толибон бо Русия равобит наздик дорад ва мо иҷоза намедиҳем, ки ин гуна иқдомоти манфии душманон бар равобити ду кишвар таъсири манфӣ бигузорад.
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Толибон: Ниёзе ба аҳзоби сиёсӣ дар Афғонистон нест
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар наздикии сафорати Русия дар Кобул инфиҷор рух дод.
Гуфта мешавад, амали террористиро маргталаб анҷом додаст. Шоҳидони ҳодиса изҳор доштаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса метавонанд даҳҳо нафарро ташкил диҳанд.
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия аз ин ҳодисаи маргбор зикр кард, ки дар натиҷа ду корманди сафорати Русия дар Афғонистон ҳалок шудаанд
"Ду нафар аз дӯстони мо ба ҳалокат расиданд.Пешниҳод дорам, ки хотири қурбониёнро бо дақиқаи хомӯшӣ пос дорем", - гуфт вазири умури хориҷии ФР.
Вай дар зимн таъкид намуд, ки хатари террористӣ аз минтақа бартараф нашудааст. Лавров изҳори умед кард, ки фармоишгарону иҷрокунандаҳои ин амали террористӣ муашаххас ва муҷозот хоҳанд шуд.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
Таслияти Тоҷикистон ба Русия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Кобул
Ёдовар мешавем, ки инфиҷор замоне рух додаст, ки дипломат пеши хоҳишмандони гирифтани раводид баромад. Аз 15 то 20 нафар бар асари таркиш ба ҳалокат расиданд, изҳор доштанд манобеъ.
Маврид ба зикр аст, ки идораи Кобулро тайи беш аз як соли охир толибҳо ба уҳда доранд. Намояндагони ин гуруҳ нима августи соли гузашта, бо ғасби қудрат дар Кобул аз анҷоми ҷанг хабар доданд. Дар зимн таркишҳои интиҳорӣ дар нуқоти гуногуни Афғонистон зиёд расонаӣ мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0