Баъди бохти 9-ум: истеъфои сармураббии "Регар-ТадАЗ" ва таъйини ҷойгузин

© ФФТАлиёр Ашурмамадов - сармураббии дастаи сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон КМВА "Помир"
Алиёр Ашурмамадов - сармураббии дастаи  сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  КМВА Помир  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Натиҷаи бозиҳои даври 14-уми Қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ бо тағйироти кадрӣ дар "Регар ТадАз" анҷомид
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Сармураббии нави тими "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода, мутахассиси ватанӣ Алиёр Ашӯрмамадов таъйин шудааст.
Дар бораи таъйиноти кадрӣ дар бошгоҳи футболи шаҳри Турсунзода, телевизиони "Варзиш" аз қавли ёвари менеҷери даста, Алишер Додов хабар дод.
Ашӯрмамадов дар мақоми сармураббии бошгоҳи "Регар-ТадАЗ" Ҳикмат Фузайловро иваз кард.
Фузайлов дар ҷамъбасти бозиҳои даври 14-уми қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол миёни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ аз мақомаш истеъфо дод.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.09.2022
"Истиқлол" якум шуд: натиҷаи бозиҳои даври 14-уми чемпионати Тоҷикистон
Дар ин давр дастаи Турсунзода силсилаи бозиҳои бебарорро дар Чемпионати Тоҷикистон-2022 идома дода, таҳти роҳбарии Ҳикмат Фузайлов бори нуҳум дучори бохт шуда буд. Тим ин дафъа аз "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда, муаллифи голи ягона Санҷар Рихсибоев мебошад.
Тими “Регар-ТадАЗ” дар мавсими нав натоиҷи хуб то ҳол нишон надодааст ва феълан бо 10 хол дар мақоми охирини ҷадвали интирокдорони қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ қарор дорад.
Дар садри ин ҷадвал дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо 27 хол ҷой гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0