Оғози ҷамъоварии пунбадона дар Суғд: то ҳол маълум нест, киҳо ба “ҳашар” мераванд

© Хадамоти матбуотии вилояти СуғдПахтачинии раиси вилояти Суғд
Пахтачинии раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Соли гузашта муаллимону табибон, сарояндаҳо ва ҳатто худи раисони Суғд ба ҳашари пахтазор рафта буданд, вале бо ин вуҷуд нақшаи ҷамъоварии ҳосил иҷро нагардид
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Кишоварзони Суғд ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона шуруъ намуданд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар умури растанипарварӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бо оғоз шудани фасли тирамоҳ дар шаҳру навоҳии вилоят ба ғунучини пахта шурӯъ намудаанд.
Ӯ афзуд, имсол майдони кишти пахта фарохтар аз соли қаблӣ аст. Дар муқоиса ба як соли қаблӣ наздик ба 7,5 ҳазор га зиёд будааст.
“Соли ҷорӣ дар майдони 57 159 га пунбадона кишт шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 7, 5 ҳазор га зиёд аст”, - гуфт Маҳмудзода.
Ин масъули Идораи кишоварзӣ дар бораи ҷалб шудани кормандони соҳаи буҷавӣ аз ҷумла омӯзгорону табибон ба “ҳашар” и ҷамъоварии пахта дар соли ҷорӣ изҳори бехабарӣ кард ва танҳо гуфт, ки “ин масъаларо роҳбарони ҳукумати вилоят муайян мекунанд”.
Сбор хлопка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2022
Тоҷикистон вориди сегонаи кишварҳои асосии таъминкунандаи пахта ба Русия шуд
Чанд сол аст, ки барои ҷамъоварии ҳосили пахта муаллимону духтурон ва ҳатто сарояндагон сафарбар мешаванд. Масъулини ҳукумат сафарбарии ин қишри ҷомеа ба пахтазорро кӯмаки дастаҷамъӣ ба кишоварзон арзёбӣ мекунанд.
Соли гузашта ба майдони пахта рафтани ҳокимони Суғд ва дар бораи ҳаҷми чидани “тиллои сафед” аз ҷониби онҳо хабару аксҳо мунташир мешуданд. Аммо бо ин вуҷуд нақшаи пешбинишудаи ҳосили пахта дар Суғд соли 2021 иҷро нагардид.
Барои мисол дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори Суғд маҳсуб мешавад, тибқи нақша ҷамъоварии то 30 ҳазор тон ҳосил дар барнома пешбинӣ шуда буд, вале то охири мавсими соли гузашта ҳамагӣ 20 ҳазору 82 тон пахта ҷамъоварӣ шуду тамом.
Ба ин тартиб нақшаи ҷамъоварии ҳосил ҷамъан дар вилояти Суғд ба иҷро нарасида боқӣ монд.
Сбор хлопка в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2022
Азми кишоварзони Кӯшониён барои ҷамъоварии беш аз 26 ҳазор тон пахта
Роҳбарони идораҳои кишоварзии Суғд сабаби ба иҷро нарасидани нақшаи ҳосилро ба номутобиқатии боду ҳаво ва мушкили камобӣ рабт медоданд.
Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳу Спитамен ва Конибодом аз навоҳии пунбапарвари Суғди Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Қисме аз пахтаи ҷамъоваришудаи ин навоҳӣ дар коргоҳҳои ҳудуди вилоят коркард шуда аз он равғану кунҷора ва матоъи пахтагӣ истеҳсол ва қисме ҳам ба хориҷа содир карда мешавад.
Бар пояи маълумоти Хадамоти гумрук аз давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳосили соли гузашта аз Суғд 20 209 тон нахи пахта содирот шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба як соли қаблӣ 5 528 тон бештар будааст.
Лентаи хабарҳо
0