Таркиш ва роҳбандӣ дар масири Душанбе - Чаноқ: шарҳи IRS

© Пресс-служба IRSГазовоз на месте происшествия, архивное фото
Газовоз на месте происшествия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Обуна шудан
Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ бар асари аз кор баромадани дастгоҳи тормози мошини ҳомили газ ба вуқуъ пайвастааст
ДУШАНБЕ, 6 сент — Sputnik. Дар километри 46-уми роҳи Душанбе - Чаноқ таркиши нақлиёти боркаш ба вуҷуд омадааст, хабар дод ширкати роҳбони IRS.
Ба иттилои манбаъ, воситаи нақлиёте, ки таркид боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда мебошад.
Таъкид шудааст, таркиш бар асари садама, бинобар аз кор баромадани тормоз рух додааст.
"Дар километри 46- уми роҳи Душанбе - Чаноқ нақлиёти боркаши барои интиқоли гази моеъ махсусгардонидашуда, бинобар аз кор баромадани тормоз бо садама дучор шуд. Дар натиҷа, таркиш ба амал омад", - таъкид шудааст дар иттилоия.
Автомобильная авария - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.08.2022
Бархурди се мошин: Садамаи маргбор дар роҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Ширкати IRS, ки масъули нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар масири Душанбе - Чаноқ мебошад, эълон кардааст, ки феълан ҳаракат дар ин самт масдуд шудааст.
Манбаъ афзуд, ки тафсилоти бештар ва иттилоъ дар мавриди азсаргирии ҳаракат ба зудӣ нашр хоҳад шуд.
Дар мавриди осебдидагон дар ин садамаю таркиш феълан иттилое ироа нашудаст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳанӯз расман ин қазияро шарҳ надодаст.
Лентаи хабарҳо
0