Фиреб доданд: ҳушдори Путин аз шиддат гирифтани буҳрони ғизоӣ

© Pixabay / Ylanite Пшеничное поле
Пшеничное поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия фиребкории кишварҳои ғарбиро дар мавриди ғаллаи Украина ошкор карда гуфт, бо чунин бархӯрд буҳрони ғизоӣ шадидтар мешавад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Кишварҳои фақири рӯ ба рушд ҳамагӣ 3%-и ғаллаи беруншуда аз Украинаро дастрас кардаанд.
Ин нуктаро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, зимни Форуми иқтисодии шарқӣ дар Владивосток баён дошт.
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Путин маҳз барои таъмини кишварҳои нодор созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуда буд. Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шарикони африқоӣ дар масъалаи таъминот бо ғалла мусоидаташро ваъда карда буду созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, феълан қариб ҳамаи ғаллаи содиршударо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта истодаанд.
Уборка зерновых. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.08.2022
Ғаллаи Украина куҷо меравад?
Ҳамагӣ 2 киштӣ аз 87 киштии ҳомили ғалла, яъне ҳамагӣ 60 ҳазор тон аз 2 млн тон тавассути Барномаи озуқаи СММ ба кишварҳои рӯй ба рушд равона шудааст, ки ҳамагӣ 3%-и маҷмӯи умумии содиршударо ташкил медиҳад.
Путин гуфт, кишварҳои ғарбӣ чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб доданд.
Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд.
"Фиреб доданд, на танҳо моро. Гап сари мо нест. Ин фиреби ҷомеаи ҷаҳонист, фиреби шарикон аз Африқо ва дигар кишварҳо, ки шадидан ниёз ба ғизо доранд. Муносибати густохона ба шариконе, ки барояшон гӯиё ин ҳама амалӣ шуда буд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, масъалаи мазкурро бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, ки якҷо ин масъаларо баррасӣ карда буданд, ба миён хоҳад гузошт.
Путин зикр намуд, ки агар соли 2019 ба иттилои СММ 135 млн нафар аз камбуди ғизо ранҷ мекашиданд, феълан ин теъдод 2,5 баробар зиёд шуда ба 345 млн нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0