Небензя гуфт, эҳтимол Русия муомилоти ғизоиро қатъ намояд

© Sputnik / Grigoriy Sisoev / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя
Постоянный представитель Российской Федерации при Организации Объединённых Наций и в Совете Безопасности ООН Василий Небензя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
Намояндаи доимии Русия дар СММ ахиран гуфт, Маскав эҳтимол созишномаи муомилоти ғизоиеро, ки миёни Туркия, СММ ва Русия ба имзо расида буд, риоя накунад
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Имкон дорад, муомилоти ғизоӣ қатъ шавад, зеро бархе аз тавофуқҳо дар бахши таъмини содирот аз Русия риоя намешаванд, гуфт Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид.
Дипломат ёдовар шуд, ки тавофуқ барои чаҳор моҳ эътибор дорад ва мӯҳлати он моҳи ноябр ба поён мерасад.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки Русия дар музокироти тамдиди ин тавофуқнома ширкат намекунад.
Военнослужащие Росгвардии в Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия аз амалиёт дар Украина чӣ бурду чӣ бохт? Посухи Путин
Василий Небензя, илова кард, ки як қисми муомилоти ғизоӣ дар мавриди содироти ғизо ва куди Русия амал намекунад - ҳеҷ як киштии Русия то ҳол натавонистааст ғалларо содирот намояд.
"Мо муяссар шудем, ки ба созиш бирасем, аммо бо ҷониби Русия кор намекунад. Ҳеҷ як киштии Русия ғалларо барои содирот аз бандарҳои Русия берун набаровардааст", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 22 июл дар Истамбул созишнома бисёрҷониба дар бораи лағви маҳдудият дар интиқоли маҳсулоти Русия барои содирот ва кумаки Русия дар содироти ғаллаи Украина ба имзо расид. Созише, ки аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ имзо шудааст.
Инчунин Намояндаи доимии Русия дар СММ дар бораи вазъ дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Запарожие изҳори назар кард.

Нерӯгоҳи ҳастаии Запарожие

Василий Небензя даъвати кишварҳои ғарб дар бораи ғайринизомисозии нерӯгоҳи ҳастаии Запарожиеро ғайридди хонд.
“Ин ғайриҷиддӣ аст. агар мо онро ғайринизоми созем, ҳамон лаҳза нерӯҳои Украина дохили ин нерӯгоҳ мешаванд. Мо ин нерӯгоҳҳро ҳимоят мекунем”, - гуфт Небензя.
Вай гуфт, аслан ин иншоот низомӣ нашудааст. Таҷҳизот низомӣ дар онҷо вуҷуд надорад.
“Танҳо нафароне ҳастанд, ки ин нерӯгоҳро ҳифозат мекунанд. Тӯп нест. Танҳо мошинҳои боркаш, ки низомиёнро ба онҷо мерасонад", - афзуд ӯ.
Ҳамзамон Василий Небензя дар бораи гуфтугӯ бо Киев дар хусуси амнияти нерӯгоҳи ҳастаии Запарожие шубҳа дорад
Танкисты оперативно-боевого тактического формирования ДНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2022
Десанти Украина дар Энергодар, ҳайати МАГАТЭ ва амалиёти низомиёни Русия
"Ман мутмаин нестам, ки украинҳо ба музокира қодиранд - инчунин дар ҳалли дигар масъалаҳо. Онҳо намехоҳанд дар бораи чизе музокира кунанд", - гуфт Небензя дар посух ба суол дар бораи дурнамои ғайринизомисози бархе аз минтақаҳои Нерӯгоҳи ҳастаии Запарожие.
Вай гуфт, имрӯзҳо артиши Русия комилан ин Нерӯгоҳро ҳимоя мекунанд.

Дархост аз дабири кулли СММ барои гирифтани раводиди ИМА

Дар нишасти матбуотӣ, ки ахиран дар Вашингтон дар бинои СММ баргузор шуд Василий Небензя инчунин аз мушкили дарёфти раводид барои кормандони дипломатӣ шикоят кард.
Намояндаи доимии Русия дар СММ ба хабарнигорон гуфт, ҳайати Русия то ҳол раводид барои ширкат дар иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ, ки дар охири моҳи сентябр баргузор мешавад, нагирифтааст.
Запорожская АЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2022
Русия аз нақшаи амалиёти иғвоангезонаи Киев дар нерӯгоҳи барқи ҳастаии Запороже гуфт
Ҳафтаи сатҳи баланди СММ аз 20 то 26 сентябр баргузор мешавад ва иштироки пурраи ҳамаи ҳайатҳоро дар бар мегирад. Ҳайати Русияро вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров раҳбарӣ мекунад.
"Барои Маҷмааи умумӣ - ҳанӯз нест. Мо ҳанӯз вақт дорем. Аммо мо ишораҳои ташвишоварро мебинем, мо барои вазири корҳои дохилии худ барои ҳамоиши пулис, барои конфронси дигар дар умури ҷиноятҳои киберӣ раводид гирифта натавонистем”, - гуфт Небензя.
Намояндаи доимии Русия аз дабири кулли СММ даъват кард, ки барои гирифтани раводид ба ҳайати баландпояи Русия кумак намояд.
Қаблан сухангӯи дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик гуфт, Антониу Гутерриш бар ин назар аст, ки бояд ба ҳайати Русия, ки қасд дорад дар ҳафтаи баланди иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ ширкат кунад, раводиди ИМА дода шавад.
Лентаи хабарҳо
0