Умеди Раҳмон ба марҳилаи ҷадиди равобит бо Бритониё дар аҳди Трасс

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон Лиз Трассро, ки ба ҳайси сарвазири Бритониё интихоб шуд, табрику таҳният гуфта, изҳори умедворӣ ба оғози марҳилаи ҷадиди равобит кард
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири ҷадиди Бритониё Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ дар барқияи табрикотии худ раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар ибтидои соли равон кишварҳои мо 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатиашонро таҷлил намуданд.
“Тайи ин давра мо ба таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишвари Шумо аҳаммияти хосса зоҳир намуда, ҳамеша алоқаманди рушди минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон раисҷумҳури кишвар изҳори умед кардааст, ки дар давраи фаъолияти хонум Трасс муносиботи ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб судманд ба марҳилаи ҷадиди тавсеаи худ ворид шуда, бо мазмуну мундариҷаи нав ғанӣ хоҳанд гашт.
Глава МИД Великобритании Элизабет Трасс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Бонуи матин: корномаи сиёсии Лиз Трасс – акс
Кишвардори Тоҷикистон афзуд, ҷониби Тоҷикистон омода аст, ки барои пешбурди самарабахши ин раванд дар сатҳҳои мухталиф саъйю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.
Дар охири номаи табрикотии худ Эмоалӣ Раҳмон ба хонум Трасс, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти минбаъдааш пирӯзиҳои навин, ба мардум рифоҳу шукуфоии беш аз пеш орзу кардааст.
“Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба Шумо ғанимат мешуморам”, - таъкид кардааст Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Лиз Трасс раҳбари Ҳизби муҳофизакор интихоб шуд ва ҳамин тавр вазифаи нахуствазири Бритониёро бар дӯш гирифт.
Лентаи хабарҳо
0