Коршинос гуфт, дар чӣ ҳолат толибон ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкПрофессор НИУ ВШЭ Дмитрий Евстафьев
Профессор НИУ ВШЭ Дмитрий Евстафьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Обуна шудан
Коршиноси рус ҳамлаи гурӯҳи толибон ба хоки Тоҷикистонро машрут ба чанд иқдоме медонад, ки ба сиёсатҳои Тоҷикистон дар оянда вобастаанд
ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон дар ду ҳолат имконпазир аст, мегӯяд Дмитрий Евстафев, сиёсатшинос ва профессори Мактаби олии иқтисодии Русия.
Ба гуфтаи коршиноси рус, яке аз шартҳои ҳамлаи толибон ба Тоҷикистон ин таъсиси урдӯгоҳи тамринотӣ барои мухолифини толибон дар марзи Афғонистону Тоҷикистон аст.
Вай таъкид кард, ки шарти дигар ин агар толибонро аз роҳҳои дарёфти ғизо ва кумакҳои башардӯстона комилан канда кунанд дар он сурат ҷангҷӯёни ин гӯрӯҳ роҳи дигар ғайр аз ҳамла надоранд.
"Дар ин ҳолат ҳамчун чораи "тарсондан"-и атрофиён онҳо қодиранд, на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба Туркманистон низ зарба зананд, ки минтақаи дарози хатарзо доранд", - мегӯяд сиёсатшинос.
Евстафев бар ин назар аст, ки муноқиша бо Душанбе метавонад хеле хушунатбор бошад ва радикалҳо барои ба даст овардани натиҷаи низомӣ талош хоҳанд кард.
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Коршиноси покистонӣ: Иддаои толибон дар бораи амнияти Афғонистон як афсона аст
Ёдовар мешавем, ки пештар муовини фармондеҳи Қулурдӯи 217-и умарии толибон гуфта буд, ки нерӯҳои онон қодиранд, дар як ҳафта кишвари Тоҷикистонро тасхир кунанд.
Муовини Қулурдӯи умарии толибон ба Тоҷикистон ҳушдор дода афзуд, дар сурате ки ин кишвари даст аз “мудохилаҳо дар умури дохилии Афғонистон накашад ва Русия пушти Тоҷикистон қарор нагирад, ин кишварро зарфи як ҳафта тасхир мекунанд”.
Ин бори аввал нест, ки нафарони наздик ба толибон барои мудохила накардани Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон ҳушдор медиҳанд.
Қаблан Гулбиддин Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби исломии Афғонистон ва аз чеҳраҳои маъруфи ин кишвар, ки ҳоло имомхатиби яке аз масҷидҳои Кобул аст, дар хутбаи намози ҷумъае гуфта буд, ки Тоҷикистон ба мухолифини мусаллаҳи давлати Афғонистон (Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон) пойгоҳ додаст ва ин амалан эълони ҷанг бо Афғонистон аст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2022
Толибон: Агар Русия пушти Тоҷикистон набошад, дар як ҳафта ин кишварро тасхир мекунем
Ин изҳороти Ҳикматёрро чеҳраҳои расмии ҳукумати толибон ба таври ошкоро ҳимоят накарданд.
Дар ҳамин ҳол Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи толибон борҳо гуфт, ки онҳо иҷоза намедиҳанд, аз хоки Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҳамла сурат бигирад.
Ёдрас менамоем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани ҳукумати толибон Тоҷикистон бо ин ҳукумат ҳеҷ робитае надорад ва ҳамеша хостори ҳукумати фарогир дар ин кишвар бо риояи талаботи ҳамаи ақалиятҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи инсон аст.
Лентаи хабарҳо
0