Раванди истиқлоли Тоҷикистон дар тасвирбаён

Обуна шудан
Имсол Тоҷикистон 31-умин солгарди истиқлолашро ҷашн мегирад. Ин ид дар тамоми манотиқи кишвар бо шукуҳи хоса ҷашн гирифта мешавад
Тоҷикистон 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад.
Санаи 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, бори аввал “Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди шуравӣ” (ИҶШС) қабул гардид.
Санаи 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати “Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намуданд.
Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолияташ киҳо табрик карданд?
Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рузҳои ид”, 9 сентябр ҳамчун “Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид ва ин санаи таърихӣ ҳамчун иди расмии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раҳмон аз се дастоварди замони истиқлоли Тоҷикистон гуфту аз оғози "ҷанги сард" хабар дод
Дар рузи ид мувофиқи Низомнома “Дар бораи байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” парчами давлатӣ афрохта мешавад.
Бо ташабуси мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва колективҳои меҳнатӣ чораҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Ҳамасола санаи 9-сентябр парадҳои ҳарби, салюти артилерӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо тартиби муайяннамудаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷо оварда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0