Шодбошию ҳушдори Раҳмон дар 31-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон в ходе совещания в Согдийской области
Эмомали Рахмон в ходе совещания в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми шодбошӣ ба муносибати 31-умин солгарди Истилоли кишвар аз мардум хост, барои ҳифзи он аз таҳдидҳо омода бошанд
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аз мардуми кишвар хост, Ватанро чун ҷони хеш дӯст доранду барои ҳимояи он аз таҳдидҳо омода бошанд.
Ӯ ин нуктаро дар маросими ифтитоҳи майдон ва муҷассамаи "Истиқлол" ба муносибати 31-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон баён дошт.
"Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи истиқлолу озодӣ – бузургтарин неъмати зиндагиамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ҳамеша ҳушёру омода бошем", - таъкид намуд раисҷумҳур.
Раҳмон аз тоҷикистониён хост, Ватанро сидқан ва мисли ҷони хеш дӯст доранд, шукронаи ин обу хоки муқаддасро кунанд, барои ҳимояи он аз ҳама гуна таҳдидҳои ҷаҳони муосир омода бошанд.
"Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, эҳтироми волоияти қонун, қадру қимати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне дастовардҳои истиқлоли давлатӣ эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем". - гуфт раисҷумҳур.
Вид на Дворец президента в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2022
Тоҷикистонро ба Рӯзи истиқлолаш киҳо табрик карданд?
Вай дар идома ҳадаф аз бунёди муҷассамаи "Истиқлол"-ро ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик, таҷассуми рукнҳои муҳимми давлатдорӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар зеҳну шуури шаҳрвандони мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон тақвият бахшидани андешаи истиқлолу озодӣ арзёбӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0