Тасдиқи низоми нави интихобӣ барои Бозиҳои олимпӣ дар риштаи бокс

© Sputnik / Стас ЭтвешБоксерские перчатки, архивное фото
Боксерские перчатки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Обуна шудан
Шеваи нави интихобӣ аз қаблӣ мураккабтар арзёбӣ гардида, таъкид шудааст, ки аллакай соли оянда сабқат барои роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Системаи нави интихобии бокс барои Олимпиадаи Париж-2024 тасдиқ шуд, ки нисбат ба давраи қаблӣ мураккабтар гуфта мешавад, хабар додааст Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Шӯрои иҷроияи КБО шакли ислоҳшудаи системаро ба тасвиб расонд, ки тибқи он муштзанҳо соли оянда дар бозиҳои қоравӣ барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза хоҳанд бурд.
Бозиҳои Панамрико-2023 дар Сантяго, Бозиҳои Аврупо-2023 дар Краков-Малополска, Бозиҳои Уқёнус-2023 дар Ҷазираҳои Соломон ва Бозиҳои Осиё-2022 дар Ҳангжоу, ки ба соли 2023 мавқуф гузошта шуд, ба ҳайси мусобиқоти интихобии олимпӣ истифода мешаванд, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки феълан музокирот байни КБО ва Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпии Африқо барои ба як чорабинии интихобӣ табдил додани Бозиҳои Африқо-2023 дар Аккра идома доранд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Иштироки ҷудокорони собиқадори тоҷик дар чемпионати ҷаҳон таҳти мураббигии Устопириён
Дар баробари ин аз нақшаи КБО бароио баргузории ду мусобиқа дар соли 2024 хабар дода шуд, ки дар он роҳхатҳои боқимонда ба Олимпиадаи Париж тақсим карда мешавад.
Тасдиқи системаи нав аз ҷониби КБО пас аз он сурат мегирад, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) аз ҳуқуқи ташкили мусобиқаҳои бокс дар Париж-2024 маҳрум шуд.
Аз қавли КБО оварда шудааст, ки системаи нав ба муштзанҳои тамоми қораҳо имкони комилан баробар ва одилонаро фароҳам меорад. Он нисбат ба системаи қаблӣ камтар мураккаб аст ва ба бозиҳои қоравӣ дар соли 2023 ва ду мусобиқаи ниҳоии интихобии ҷаҳонӣ дар соли 2024 асос ёфтааст, афзудаанд дар раёсати КБО.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои Аврупо соли оянда аз 21 июн то 2 июл, Бозиҳои Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр, Бозиҳои Панамрико аз 20 октябр то 5 ноябр ва Бозиҳои Уқёнуси Ором аз 19 ноябр то 2 декабри соли 2023 дар назаранд.
Лентаи хабарҳо
0