Додугирифти Тоҷикистону Русия ба як миллиард доллар наздик шудааст

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Русия иддао доранд, ки дар соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар 42 дарсад афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар 7 моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Русия 908,3 млн долларро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 268 млн доллар ё 42 дарсад бештар аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар маросими таылили Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Маскав вазири иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт, ки соли 2021 нишондиҳандаи гардиши савдои дуҷониба ба 1,4 млрд доллар баробар шуда, нисбат ба соли 2020 380 млн доллар ё ин ки 40 фоиз афзоиш ёфт.
Министр экономического развития РФ Максим Решетников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Решетников: Тоҷикистон имрӯз як кишвари аслии дорои иқтисоди рушдёбанда аст
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар шаҳри Маскав мулоқоти муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия-Вазири саноат ва тиҷорат Денис Мантуров бо ҳайати Тоҷикистон дар симои вазири иқтисод ва савдо, вазири саноат ва технологияҳои нав, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Палатаи савдо ва саноат Ҷамшед Ҷумахонзода ва роҳбарияти ҶСК “ТАЛКО” сурат гирифт.
Дар ин мулоқот масоили ба таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони аввали корхонаҳои саноатию сармоягузорони Русия дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки баргузории он 14–15 сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуд.
Ҳамзамон дар ин дидор тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0