Ҳикматиёр: Ҳукумати фарогир дар Афғонистон имкони вуҷуд надорад

© Sputnik / JAKГулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан
Гулбуддин Хикматияр, глава исламской партии Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон бар он аст, ки дар ин кишвар ҳукумати эътилофӣ умуман имкони вуҷуд надорад ва замони ҳукумати фарогир гузаштааст
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Шароит дар Афғонистон чунон аст, ки ташкили як ҳукумати фарогир шабеҳи маҳол аст ва аслан ин роҳи ҳал нест, ҳукуматҳои эътилофӣ ҳамеша ноком буда ва дар шароити Афғонистон аслан амалӣ нест, мегӯяд Гулбуддини Ҳикматиёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи вай, агар имрӯз нисфе аз ҳукуматдоронро ҳам ба аҳзоби фирорӣ ки бо Амрикоиҳо омада буданд ва бо Амрикои якҷои Афғонистонро тарк гуфтанду имрӯзи ҳам дар Аврупоу Амрикои марокизу дафотирро ба онҷо интиқол додаанд, агар нимӣ аз ҳукумат ҳам ба инҳо дода шавад, ман бовар дорам ки ҳеҷ фард аз онҳо бо итминони хотир ба кишвар бар нахоҳад гашт ва дар ҳукӯмат ширкат нахоҳад кард.
Вай гуфт, агар аҳёнан касе иштибоҳ кунад ва биёяд ва дар ҳукумати ҳузур ҳам дошта бошад , ин як иқдоми симболӣ хоҳад буд.
Ба ҳамин хотир мегӯям ки ҳукумати эътилофи мақдӯр нест ва имконаш вуҷуд надорад.
Ду хостаи асосӣ, ки моро дар ҳали буҳрон кумак мекунад якум ташкили шӯрои мумассали мардум, ки иҷмои миллиро тамсил кунад ва аз ҳимояти аксарияти мардум бархӯрдор бошад.
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Тақвияти ҳамкориҳои Русияву Афғонистон дар бахши мубориза бо терроризм
Вай афзуд, ин шӯро бояд дар мавриди тамоми масоили муҳими миллӣ бо салоҳият тасмим бошад, ҳамаи атрофи чӣ касоне, ки дар ҳукуматанд ва чӣ касоне, ки мухолифанд бояд ба файсалаҳои ин шӯро тамкин кунанд ва ҳамин шӯро дар мавриди қонуни асосии ояндаи кишвар тасмим бигирад.
Оқои Ҳикматиёр таъкид кард, ки дар як кишвар қонуни асосии исломӣ бо тавваҷуҳ ба шароити феълӣ ироа кунанд, дар мавриди тамоми масоиили муҳими миллӣ охирин тасмимро ин шӯро бигирад,биёед рӯй ин ду хостаи асосӣ зикр кунем, ки моро дар ҷиҳати ҳалли буҳрон кумак мекунад.
Масаълаи интихобот, чигунагии низом бояд дар равшаноии қонуни асосӣ мушаххас шавад, на ин ки ҳар касаш ба ин аст, ки саҳме дар ҳукумат дошта бошад.
“Махсусани онҳое, ки дар ин 44 сол дар қудрат шарик буданд, як тарафи асосии ҷанг буданд, ҷанги ниёбатӣ, ки аз берун барои афғонҳо таҳмил шуд, дар замонаши иттиҳоди Шуравии инро таҳмил кард ва аз ӯ ба НАТО ба мирос монад”, - гуфт Гулбудини Ҳикматиёр.
Раҳбари ҳизби исломии Афғонистон ҳамчунин қайд кард, ки дар тамоми муддат инҳо дар қудрат шарик буданд симбол буданду аҷнабӣ (бегона)-ро кумак карданд.
“Бо ишғолгарони ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ карданд, инҳо бо чӣ равия аз мардум мехоҳанд ки боз ҳам дар ҳукумат ширкат кунанд, афғонҳо намехоҳанд онҳоро ба ҳеҷ сурате намехоҳанд”,- гуфт ӯ
Представитель Талибана Забихулла Муджахид (в центре) обращается к СМИ в аэропорту Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2022
Толибон: Дар як сол ҳеҷ рӯзноманигоре дар Афғонистон кушта нашудааст
Вай илова кард, ки ҷиҳатҳое, ки бар ҳукумати эътилофи махсусан ба хотири ҳузури ҳамин чеҳраҳо дар ҳукумати оянда зикр мекунанд инҳо хоҳони ҷанг ҳастанд, яъне хоҳони ҳал буҳрон нестанд.
Вай мегӯяд, онҳо мехоҳанд ҳамин вазъияти ноамн, буҳрон ва ҷанг дар Афғонистони идома пайдо кунад, ба ҳамин хотирвазъро хароб месозанд, ки қбили пазируфтанӣ нест.
“Миллат намепазирад ва аз ин тариқ мумкин нест буҳрон поён ёбад”, - қайд кард Гулбуддини Ҳикматиёр.
Лентаи хабарҳо
0