Пирӯзии паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хотири Харлампиев

© Фото : ОФИЦИАЛЬНЫЙ САЙТ ФИАСАкмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо
Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Варзишкори тоҷики риштаи самбо дар мусобиқаи ҷаҳонии Ҷоми асосгузорони самбо дар Маскав ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, нишони тилоӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Акмалиддин Каримов, барандаи Қаҳрамонии Ҷоми Харлампиев-2022 дар шаҳри Маскав шуд, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба иттилои манбаъ, паҳлавони тоҷик дар риштаи самбо зери вазни 57 кило бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, нишони заррини мусобиқаро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи байналмилалӣ ба ёдбуди Анатолий Харлампиев, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ, гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон — Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт.
Боковой судья, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Нахустин бохти "Регар-ТадАЗ" баъди таъйини сармураббии нав
Сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад, ки бо иштироки паҳлавонони зӯртарини ҷаҳон барпо мегардад.
Расонаҳои Русия менависанд, аз соли равон мусобиқаи мазкур номи Ҷоми асосгузорони самборо касб кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар гузашта низ намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа зиёд ширкат мекарданд ва барандаи ҷойҳои ифтихорӣ мешуданд.
Каримов, ки соли равон пирӯзи ин мусобиқа гардид, соли гузашта аз ҷумлаи беҳтарин варзишкорони Тоҷикистон эътироф гардид. Ӯ соли гузашта тавонист дар Қаҳрамонии ҷаҳонии самбо ба гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёбад.
Лентаи хабарҳо
0