Аз сиёсат то ҳарбӣ-техникӣ. Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонМулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Соҳиба Ғаффорова, раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Соҳиба Ғаффорова, раиси Милли Меҷлиси Озарбойҷон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.09.2022
Обуна шудан
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо ҳамтои озарбойҷонияш густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳарбию техникӣ баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Озарбойҷон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ ва Соҳиба Ғаффорова баргузор шуд.
Тибқи иттилои Маҷлиси миллӣ, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон бо ҳамтои озараш ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Душанбею Бокуро баррасӣ намуданд.
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.09.2022
Оғози сафари расмии раиси парлумони Озарбойҷон ба Тоҷикистон
"Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар самти қонунгузорӣ ва нақши муассиру назарраси парламентҳо ба раванди тавсеаи муносибатҳои байни ду давлат мусоидат менамоянд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардидаст, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дар чаҳорчӯби қолабҳои бисёрҷониба, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории самарабахш доранд.
"Дар идомаи мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд", - афзуд дафтари матбуот.
Дар идома таваҷҷуҳи ҷониби Озарбойҷон ба коркарди муштараки масъалаҳо барои афзоиши минбаъдаи ҳаҷми савдои дутарафа ва ба талаботи рӯз мувофиқ гардонидани сохтори он ҷалб карда шуд.
Инчунин тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ, мелиоратсия, логистика, сармоягузорӣ, инчунин татбиқи самарабахши қарорҳои Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муҳим хонда шудаст.
Лентаи хабарҳо
0