Расонаҳо: Арманистон дар пайи шиддати вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба СААД муроҷиат кард

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийУчение ОДКБ "Взаимодействие-2018"
Учение ОДКБ Взаимодействие-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2022
Обуна шудан
Боку ва Ереван дар оғози даргириҳои марзӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанду аз талафоти нерӯҳои худ хабар медиҳанд. Феълан дар бархе аз нуқот даргирӣ давом дорад
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Арманистон ба далели ташдиди вазъ дар марз бо Озарбойҷон ба Русия, СААД ва Шӯрои амнияти СММ муроҷиат кардааст, хабар дод РИА "Новости" аз қавли расонаҳои арманӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар бораи дархости кумак аз Маскав ва СААД қаблан хадамоти матбуоти ҳукумати Арманистон дар пайи ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар, ки таҳти раёсати сарвазир Никол Пашинян баргузор шуд, эълон карда буд.

"Дар робита ба таҷовуз ба қаламрави Арманистон ҳукумат аллакай ба Федератсияи Русия, Шӯрои амнияти СММ ва СААД муроҷиат кардааст", - омадааст дар хабар.

Ереван шаби 12 ба 13 сентябр изҳор дошт, ки низомиёни Озарбойҷон бо истифода аз тӯпхона ва ҳавопаймоҳои бесарнишин қаламрави Арманистонро тирборон карда, ҳамчунин "барои пешбурди мавқеъ дар баъзе манотиқ иқдом кардаанд".
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби Арманистон кушта ва захмҳо барҷой гузошта шуданд, ки теъдоди онҳо дақиқ карда мешавад.
Дар навбати худ Боку изҳор дошт, ки низомиёни Арманистон ба мавқеъҳои нирӯҳои Озарбойҷон дар марз тир холӣ кардаанд ва даргирӣ рух додааст.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2022
Зас: Вазифаи асосии СПАД таъмини амнияти тамоми аъзои он аст
Вазорати дифои Озарбойҷон низ дар бораи талафот дар сафҳои худ хабар дод.
Вазорати дифои Арманистон ба ҳолати субҳи 13 сентябр эълом кард, ки даргириҳо дар бархе аз бахшҳои марз бо Озарбойҷон идома доранд.
Дар зимн зикр мешавад, ки сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар гуфтугӯҳои телефонӣ бо президентҳои Русия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон ва ҳамчунин бо вазири хориҷаи Амрико Энтони Блинкен вазъ дар марзро баррасӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0